ВОХӮРИИ ҶАМШЕД ҶӮРАЗОДА БО МУҲАММАД ТАРИҚ ХОН

08-08-2022
8-уми августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо намояндаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (ШГМ) ва сарпарасти Тоҷикистон Муҳаммад Тариқ Хон доир гардид, ки дар он, инчунин, муовинони вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ва Шукрулло Хайрзода, роҳбари гурӯҳи амалиётии Бонки Исломии Рушд (БИР) Муҳаммад Мирзаи, намоянда оид ба ҳамкории ШГМ Сами Лендвай-Кармаут, мутасаддӣ оид ба молияи ШГМ Праван Шобна Прасад, намоянда оид ба маорифи БИР Ҷавара Гайе, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои гуногуни Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд. 
Дар вохӯрии мазкур оид ба дастгирии соҳаи маорифи кишвар дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои хонандагон дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, ҳамкории вазорат бо аъзоёни Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG), татбиқи лоиҳаҳои “Гранти такмили иқтидори системаи таҳсилот (SCG)”, “Гранти тағйирёбии системаи таҳсилот (STG)” ва “Гранти мултипликансионӣ (MG)”, муҳокимаи барномаҳо дар доираи амалишавии шартномаи ҳамкорӣ “COMPACT” ва ҳамкории судманд бо Бонки Исломи Рушд мубодилаи афкор сурат гирифт. 
Ҷ. Ҷӯразода-муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суҳбат иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки худро дар иртибот бо Стратегияи миллии рушди маориф ва Ҳадафҳои рушди устувор муайян кардааст. Аз ҷумла, коркарди консепсияи таҳсилоти фарогир бо назардошти ба инобат гирифтани таҷрибаи байналмилалӣ, бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ таҷдиди назар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ ва инклюзивӣ, барномаҳои таълими курсҳои такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ, омода намудани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва дигар иқдомҳои зарурӣ мебошад. 
Дар ҷараёни суҳбат, инчунин, иттилоъ дода шуд, ки Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф яке аз созмонҳои калонтарини шарикии рушд дар соҳаи маориф мебошад, ки бо 77 кишвари дунё ҳамкориро ба роҳ мондааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз он давлатҳои аъзо ва бадастоварандаи грантҳо дар соҳаи маориф ҷиҳати табодули низоми соҳаи маориф мебошад. 
-Мо хеле шодем, ки Вазорати маориф ва илм Бонки Исломии Рушдро ҳамчун шарики боэътимод дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои рушди маориф ва татбиқи грантҳо пазируфтааст. Бояд бигӯям, ки Тоҷикистон яке аз 6 кишвари пилотии ШГМ ва якумин давлати таҳиянамудаи шартномаи ҳамкорӣ “COMPACT” мебошад, ки ҷиҳати баланд бардоштани соҳаи маориф ва табодули низоми ин соҳа кӯшида истодааст. Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки мо омодаем аз лиҳози техникӣ ва молиявӣ ба вазорат кумаки худро расонем,-қайд кард Муҳаммад Мирзаи, роҳбари гурӯҳи амалиётии БИР. 
Дар фарҷом, ҷонибҳо бо хушнудӣ иброз доштанд, ки ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва тақвияту вусъат ёфтани робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илм мебошанд.
Бахтовар САФАРОВ