ВОБАСТА БА МАТЛАБИ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №10-И ДЕҲАИ ЛАГМОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАШРГАРДИДА

26-01-2024
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба фаъолияти директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Лагмони шаҳри Кӯлоб нашргардида иттилоъ медиҳад:
1.Тибқи моддаи 36, банди 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва иловагии давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин муовинони роҳбарони муассисаҳои мазкурро дар мувофиқа бо роҳбарони онҳо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад, на Вазорати маориф ва илм.
2. Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илм аллакай гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, фаъолияти директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Лагмони шаҳри Кӯлоб мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода мешавад. Аз натиҷаи санҷиши холисонаи гурӯҳи корӣ иловатан маълумот пешниҳод карда мешавад.
3. Аз шаҳрвандон, намояндагони ВАО, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми мушоҳидаи чунин ҳолатҳо ба телефони боварии Вазорати маориф ва илм 227-76-86 занг зананд ва ё ба сомонаи расмӣ (maorif.tj, https://maorif.tj/feedback) ва гурӯҳи вазорат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук (https://www.facebook.com/groups/maorif.tj/) муроҷиат кунанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон