ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (14)

24-01-2019
Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.02.2018, №938 5225 нафар мутахассиси ҷавон-хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии равияҳои омӯзгорӣ дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ихтисос ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фиристода шуданд, ки ин нисбат ба соли 2017 1000 нафар зиёд мебошад.
Масъалаи тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ва таъмину бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҳамасола дар ҷаласаҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардори сарраёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе ва сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода мешавад.