ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

05-12-2022
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус:
- сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой (категорияи 1), маоши мансабӣ 3300,35  сомонӣ.
- мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1124,70  сомонӣ.
 
Раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ:
- сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ - 1 ҷой  (категорияи  2), маоши мансабӣ 3300,35  сомонӣ;
- сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ – 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.
 
Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ:
- мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1124,70  сомонӣ.
 
Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:
- сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ – 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.
 
Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:
- муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак - 1 ҷой  (категорияи  2), маоши мансабӣ 2711,80  сомонӣ;
- сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ;
- мутахассиси пешбари раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак - 1 ҷой  (категорияи  6), маоши мансабӣ 1124,70  сомонӣ.
 
Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:
-сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой (категорияи 1), маоши мансабӣ 3300,35  сомонӣ.
-мутхассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ.
 
Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф  ва илм:
- сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.
 
Шуъбаи аудити дохилӣ:
- мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1124,70  сомонӣ.
 
Шуъбаи сифати таҳсилот:
- мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
 
Шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:
- сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро - 1 ҷой (категорияи  5), маоши мансабӣ – 1660,00 сомонӣ.
 
Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.
 
Талабот ба довталабон
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои 
холии маъмурии хизмати давлатӣ 
 
1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус: 
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ; 
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  - малакаи кор  бо компютер.
 
3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ: 
– таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ ё табиию риёзӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
4.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ:
– таҳсилоти олии касбии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ё табиию риёзӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
5.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ: 
– таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
6.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
7.Талаботи тахассусӣ барои мансаби муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак: 
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
8.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:
– таҳсилоти олии касбии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ё табиию риёзӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
9.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ; 
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  - малакаи кор  бо компютер.
 
10.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ: 
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
11.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ; 
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор  бо компютер.
 
12.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф  ва илм:
– таҳсилоти олии касбӣ иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
13.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
14.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот:
– таҳсилоти олӣ ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ; 
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор  бо компютер.
 
15.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj  
 
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси
Вазорати маориф ва илм