ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО АЗ РАФТИ ОЗМУН ДИДАН КАРД

22-08-2023
Вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини вазири маориф ва илм, котиби комиссияи ҷумҳуриявии озмун Абдулзода Зиёдулло, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори раёсати маорифи вилоят ва дигар масъулон дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" иштирок намуда, рафти онро назорат карданд. 
Санаи 22-юми августи соли равон довталабон аз шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияҳои Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар минтақаи Бохтар ширкат намуданд. Бо довталабони мазкур ва ҳайати ҳакамон Саидзода Раҳим Ҳамро сӯҳбат орост.
Гуфта шуд, ки озмун бо риоя талаботи зарурӣ ва таъмини шаффофият бояд гузаронида шуда, довталабони арзанда ба сатҳи ҷумҳурӣ роҳхат гиранд. Ягон довталаб аз эътибор дур намонад.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон