ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БА РАФТИ ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ БӮСТОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ ШИНОС ГАРДИД

20-08-2023
20 августи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд боздид кард. Зимни боздид вазири маориф ва илм ба масъалаҳои омодагӣ ба соли нави хониш, аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ва машварати августии омӯзгорон диққати махсус дод.
Дар рафти боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бӯстон ба вазири маориф ва илм иттиллоъ дода шуд, ки дар шаҳр 7 муассисаи таълимии давлатӣ, 3 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ва 1 мактаби президентӣ фаъолият дошта, дар маҷмуъ дар ин муассисаҳо 10053 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст. Ҳамасола ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр бо назардошти имкониятҳои молиявӣ аз ҳисоби мабалғҳои бучетӣ ва маблағҳои махсуси муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад. Дар соли 2022 ба маблағи умумии зиёда аз 2 млн. 500 ҳазор сомонӣ таъмири берунии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, таъмири капиталии муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №11, пайваст намудани бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабии №13 ба сиситемаи гармидиҳӣ ба анҷом расонида шуда буд. Дар соли 2022 ба маблағи зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ барои муассисаҳои таълимии шаҳр компютер, тахтаи электронӣ, проектор, мизу курсӣ харидорӣ карда шуда буд.
Дар соли 2023 бошад аз ҳисоби маблағҳои аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷудогардида, ки зиёда аз 4 млн. 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дар муассисаи таълимии №3 ивази дару тирезаҳои фарсуда бо дару тирезаҳои пластикӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ивази тирезаҳои синфхонаҳо, дар муассисаи таҳсилоти томактабии №13 таъмири ошхона, утоқҳои корӣ, мумфарш намудани назди бинои 2, таъмири айвончаҳои бозӣ ва дар муассисаи тахсилоти томактабии №15 ивази дару тирезаҳо ба анҷом расида истодааст. Аз ҳисоби маблағҳои сарикасии муассисаҳои таълимӣ бошад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ба маблағи зиёда аз 329 ҳазор сомонӣ пайваст намудани роҳравҳои ошёнаи 3 ва 4 муассиса ба системаи гармидиҳӣ, дар гимназияи №1 ба маблағи 447 ҳазор сомонӣ таъмири бинои иловагӣ, таъмири толори мачлисгоҳ ва дар гимназияи №2 ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ таъмири толори варзишӣ ва иваз намудани тирезаҳои ошёнаҳои якум ва дуюм ба тирезаҳои пластикӣ ба анҷом расонида шудааст. Бо дастгирии кумитаи падару модарон низ ҳамасола ҳамаи синфхонаҳо аз таъмир бароварда мешавад.
Раҳим Саидзода аз вазъи феълии муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки таваҷҷуҳу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм хеле зиёд аст. Ба ин хотир, моро мебояд, ки дар ҷавоб ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бомасъулият иҷро намоем. Вазири маориф ва илм вобаста ба омодагиҳо ба соли нави хониш, давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ, қабули хонандагон ба синфи як ва гузаронидани давраи мутобиқшавӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани хонандагон, тозаву озода нигоҳ доштани муассиса, таъмири синфхонаҳо, азнавбақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" изҳори назар намуда, ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст.
Ҳамчунин, вазири маориф ва илм аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон боздид карда, ба рафти омодагиҳо ба соли нави хониш дар донишкадаи мазкур шинос гардид.