ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БА РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ШИНОС ГАРДИД

20-08-2023
Имрӯз, 20 августи соли 2023 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафар ба вилояти Суғд ҷиҳати иштирок дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят ба рафти баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" шинос гардид. 
Вазири маориф ва илм - аъзои комиссияи ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо иштирокчиёни озмун, волидайни онҳо ва аъзои комиссия суҳбат анҷом дода, таъкид кард, ки озмун таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, соли панҷум аст, ки шумораи зиёди иштирокчиёнро ба китобу китобхонӣ ҷалб менамояд. Мо бояд дар навбати аввал бо таъмин намудани шаффофият дар баргузории озмун аз ин иқдоми Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ кунем.
Қобили зикр аст, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 феврали соли 2023 озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар соли панҷум аст доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 14 август шурӯъ гардида, ҷамъбасти он пас аз 26 август дар назар аст. Имсол дар даври якуми озмун дар кишвар 239 ҳазору 657 нафар довталаб ва дар даври дуюми озмун 47 ҳазору 51 нафар довталаб иштирок намуда, ба даври сеюм 3506 нафар роҳ ёфтанд. Ба даври сеюми озмуни мазкур аз вилояти Суғд 1146 нафар роҳ ёфта, дар Муассисаи давлатии "Мактаби президентии шаҳри Бӯстон" байни ҳам сабқат карда истодаанд.

Маркази марбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон