ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МАРКАЗИ РУСӢ, БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ВА ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ ДИДАН НАМУД

19-09-2023
Шоми имрӯз, 19-уми сентябр Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, аз Маркази таҷдидшудаи фарҳангии русӣ, бинои нави таълимии замонавии иборат аз 5 ошёна, ки фарогири таҳхона, ошхонаи умумӣ ва толори нави фарҳангӣ барои 600 ҷойи нишаст пешбиншуда ва Литсейи навтаъсиси назди донишгоҳ, ки хонандагони синфҳои аз 5 то 11 таҳсил менамоянд, дидан намуд.Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми кишвар зимни боздид таҷдид ва бо лавозимоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз кардани маркази мазкурро дар заминаи татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ” барои боз ҳам беҳтару хубтар гардонидани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳ амри зарурӣ ва саривақтӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ номид.
Зимни боздид Саидзода Раҳим Ҳамро аз рафти корҳои созандагӣ дар масири рушди илм дар донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, зимни бозгашт бо омӯзгорон ва кормандоне, ки дар донишгоҳ ҳузур доштанд, мулоқоти судманд дар доираи дастурҳои Пешвои миллат анҷом дод.
Маврид ба ёдоварист, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо омӯзгорону кормандон изҳор дошт, ки Ҳукумати кишвар баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи пайваста доранд ва дар ин замина моро зарур аст, ки пайваста талош варзем, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбият намоем, ҳангоми дарс аз усулҳои муосири таълим истифода барем, маърӯзаҳоро тариқи тахтаҳои электронӣ роҳандозӣ кунем ва аз усулҳои куҳнашуда даст кашем, то ҷавонони мо аз донишҳои муосир бархурдор бошанд.
Дар интиҳо вазири маориф ва илми кишвар изҳор дошт, ки барои боз ҳам беҳтару хубтар гардидани шароити таълим 3 лабораторияи наву замонавӣ барои хонандагони Литсей аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда мешавад.