ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

08-10-2018
 
        Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ
Муовини сардори  раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1965 сомонӣ. 
 
             Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
             Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1200 сомонӣ.

Талабот ба довталабон
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
 
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома  оид ба вазъи саломатии шакли 038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони 
           мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
 
          1. Талаботи тахассусӣ барои мансаби муовини сардори  раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
           -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ (педагогика ва психологияи томактабӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
           -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
           Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то 5 ноябри соли 2018 (ҳар рӯз аз соати 14:00 то 17:00)  дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - ҳуҷраи 400, 412, сомона: www.maorif.tj, суроғаи электронӣ: mort@maorif.tj телефон: 227-67-07, факс: 221-70-25 
            Озмун  рӯзи 13 ноябри соли 2018  соати 10:00 баргузор мегардад.