Устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Беҳтарин муҳаққиқ»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023 шуд

06-01-2024
ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Аълохон Бобозода байни таҳқиқотчиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷоизаи «Беҳтарин муҳаққиқ – 2023» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ хабар медиҳад.
Ин дастовардро омӯзгор бо пешниҳоди мақолаи илмӣ байни иштирокчиёни муассисаҳои мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳиб шуд.
Ба ин муносибат дар доираи чорабиниҳои илмӣ – маърифатии донишгоҳӣ  аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба Аълохон Бобозода медали «Беҳтарин муҳаққиқ — 2023», Дипломи дараҷаи l, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супорида шуд.
Озмун моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон байни мутахассисони муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он аз тамоми муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои ИДМ намояндагон тариқи онлайн  иштирок намуданд.
Аълохон Бобозода дар ин озмун Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, ба гирифтани мақоми аввал комёб шуд.
Ёдовар мешавем, ки ӯ инчунин узви «Лигаи зиёиён» International Committee on Intellectual cooperation (ICIC) -и Академияи илмҳои табиии Русия ва дорандаи медал ва Сертификати бузургдошти Леонардо да Винчи мебошад.