ҚУБОДИЁН. БУНЁДИ МУАССИСАИ НАВИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ

13-12-2023
Дар ноҳияи Қубодиён ба ифтихори ҷашнҳои миллию давлатӣ бо мусоидати Вазорати маориф ва илм, мақомоти маҳаллӣ, шарикони рушд, соҳибкорони ватанӣ ва кумитаи падару модарон сохтмони биноҳои наву замонавӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ муташаккилона ҷараён доранд.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳия ҳоло корҳои сохтмонӣ дар бинои муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ идома дорад.
Бинои муассисаи нави томактабӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои таълиму тарбияи 150 нафар кӯдакон пешбинӣ гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон