ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ (Дастовардҳои соҳаи маориф дар замони Истиқлол)

07-09-2023
Дар замони соҳибистиқлолӣ маориф ба соҳаи афзалиятнок ва муҳимму калидӣ дар сиёсати давлат табдил ёфт. Дар ин ҷода нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу мондагор аст. Сарвари давлат зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъкид намуданд: «Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки барои такмили мазмуни таҳсилот, боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати таълим, рушди имконоти молиявию моддии соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем».
Дарвоқеъ, дар суханронии мазкур ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд, ки ин масъулияти аҳли маорифро ҷиҳати вусъати фаъолият дар ҳама бахшҳо бештар менамояд. Бояд қайд кард, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат зинаи таҳсилоти олии касбии мамлакат ба таври чашмрас рушд кард. Аз ҷумла, агар дар замони Шуравӣ дар Тоҷикистон 13 мактаби олӣ фаъолият мекард, дар даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди онҳо ба 47 адад расонда шуд. Зинаи таҳсилоти олии касбӣ заминаи асосӣ ва муайянкунандаи сатҳи касбияти ҷомеа ва таъмини тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо мутахассисони ҳирфаӣ мебошад. Дар робита бо ин, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми кишвар Наврӯз Мирзозода зикр кард, ки дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони соҳаи маориф (аз 28 августи соли 1995) барои ислоҳоти зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар заминаҳои меъёрии ҳуқуқиро фароҳам оварданд. Дар ҳамин асос як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи маорифи кишвар таҳия ва тасдиқ гардид. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ аз ин қабиланд.
Бо мақсади мутобиқ намудани зинаи таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии таҳсилот ва гузариш ба низоми Болонии таҳсилот, шуруъ аз солҳои 2005-2006 омодагиҳо ба низоми бисёрзинагии таҳсилот ба роҳ монда шуд. То соли 2015 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дараҷаи академии бакалавр, магистр ва доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) роҳандозӣ гардида, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба низоми кредитии таҳсилот ворид гардиданд. Дар ин давра шумораи донишҷӯён аз 69 000 ба220287 нафар расонда шуд. Айни замон дар мактабҳои олии кишвар аз рӯйи беш аз 600 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи макотиби олии хориҷи кишвар низ барои таъсис додани филиалҳо дар Тоҷикистон ба таври назаррас бештар гардид, ки аз як тараф, аз пешрафти зинаи таҳсилоти олии касбӣ шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар, ба таъмини мутахассисони ҳирфаии ҷавобгӯ ба бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар мусоидат мекунад. Ба таъкиди Н. Мирзозода, дар замони Истиқлоли давлатӣ филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии муштарак ва филиалҳои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таъсис дода шуд(4 филиали муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия, 1 филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур, 1 муассисаи таҳсилоти олии касбии муштарак ва 3 филиали муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ).
Таваҷҷуҳ ва ғамхории дигари Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ таъсиси квотаи Президентӣ мебошад, ки он имкони мусоидро барои ҷалби духтарону писарони лаёқатманд аз шаҳру навоҳии мамлакат муҳайё кард. Воқеан, иқдоми мазкур таконбахши соҳаи маориф гардид ва аз дурдасттарин шаҳру навоҳӣ довталабони лаёқатманду соҳибистеъдод дарёфт ва ба макотиби олӣ ҷалб карда шуданд. Ин омил, аз ҷумла, масъалаи норасоии кадриро дар шаҳру навоҳӣ аз байн бурд. Вобаста ба ин, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат зикр кард, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз зиёда аз 20 ҳазор духтар ва писари болаёқати шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллии кишвар кору фаъолият доранд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки гузариш ба таҳсилоти ҷаҳонӣ яке аз иқдомҳои арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар ин самт қадамҳои устувор гузошта шудааст ва корҳои муфид анҷом пазируфтааст, ки гузариш ба низоми кредитии таҳсилот аз муҳимтаринҳо мебошад. Инчунин, дарин самт қонун ва санаду ҳуҷҷатҳои зиёде қабул гардид, ки муҳиммияти ин низомро дар рушди зинаи таҳсилоти олии касбӣ бозгӯ мекунад. Н. Мирзозода қайд кард, ки мақсад аз гузариши муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба низоми кредитии таҳсилот, пеш аз ҳама, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидани барномаҳои таҳсилоти миллӣ, ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таъмини алоқамандӣ ва пайдарҳамии тамоми зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ифода мегардад.
Гузариши муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба низоми кредитии таҳсилот имкон дод, ки ба зинаҳои таҳсилоти миллӣ, дараҷаҳои академии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ баҳогузорӣ карда шуда, ҳалли масъалаҳои зерини муосири ҷаҳонишавии соҳаи маориф бартараф гарданд. Аз ҷумла:
- интегратсияи низоми миллии таҳсилот дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ;
- таъмини ҳаракати академии субъектҳои раванди таҳсилот;
- таъмини озодии академии донишҷӯ ва омӯзгор.
Қабули даҳҳо ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла, низомномаҳои бакалавриат, мутахассис ва магистратура, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот ва ғайра аз санадҳое мебошанд, ки мазмуну мундариҷаи онҳо аз амалӣ кардани ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ ва омода кардани мутахассисони варзида иборат мебошад.
Аз ин рӯ, гуфтан бамаврид аст, ки татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз соли таҳсили 2004-2005 оғоз гардида, соли таҳсили 2015-2016 инҷониб дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии қудратӣ ва филиалҳои муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия) роҳандозӣ мешавад.
Дар навбати худ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ нақшаҳои таълимии ихтисосҳои марбутаи низоми кредитии таҳсилотро вобаста ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнат ва ҷаҳони муосир пайваста таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ менамояд.
Тавре ки дар боло қайд кардем, масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот дар макотиби олии кишвар аз муҳимтарин вазифаҳо ба ҳисоб меравад, зеро қонуну қарор ва санаду ҳуҷҷат бо як ҳадаф қабул мегарданд, ки ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад. Бинобар ин, мутобиқ намудани сатҳу сифати таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ба талаби замон ҷавобгӯ намудан масъулияти бештарро тақозо мекунад. Ба таъкиди Н. Мирзозода, яке аз масъалаҳоимуҳим дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот, сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва дар ин замина тайёр намудани мутахассисони касбии дар бозори меҳнат рақобатпазир ба ҳисоб меравад. Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ҷиҳати ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик намудани сифати таҳсилоти олии касбӣ, ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат, беҳтар гардонидани дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир корҳои муайянро ба сомон расондааст. Дар робита бо ин, аз ҷониби кормандони раёсат давоми солҳои 2022-2023 зиёда аз 35 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои зинаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳия, таҷдиди назар ва тасдиқ карда шуд.
Гузашта аз ин, бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи замони муосир ва ба танзим даровардани фаъолияти онҳо лоиҳаи 4 санади меъёрӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд:
Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд тазаккур дод, ки санадҳои мазкур мазмуни таҳсилоти олии касбӣ, моҳияту муҳлати таълим ва усулҳои ташхиси сифати таҳсилоти олиро бо назардошти дастовардҳои умумибашарӣ муайян мекунад. Дар асоси стандарти давлатӣ зиёда аз1350 барномаи таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳои бакалавриатураи зинаи таҳсилоти олии касбӣ таҳия, тасдиқ ва дастраси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ гардонда шуд.
Ҳамзамон, лоиҳаи2 санади меъёрӣ баъд аз баррасӣ дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд:
-лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (вобаста ба кафедраҳои ҳарбӣ, таҳсилоти дуалӣ ва муассисаҳои мақоми байналмилалидошта);
-лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»(вобаста ба таҳсилоти дуалӣ ва муассисаҳои мақоми байналмилалидошта).
Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ мақом ва мартабаи макотиби олии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ зина ба зина баланд мегардад ва таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ ба онҳо зиёд мешавад. Имрӯз теъдоди зиёди шаҳрвандони хориҷӣ дар мактабҳои олии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва теъдоди довталабон сол то сол зиёд мегардад. Инчунин, гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ аз пешравиҳои чашмраси ин зинаи таҳсилот ба ҳисоб меравад, ки ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим такони ҷиддӣ мебахшад. Маълум аст, ки гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ кори саҳлу осон набуда, талаботи ҷиддиро тақозо менамояд ва эътирофу шинохти макотиби олии мамлакат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
– Ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузарондани ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар доираи Созишнома оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон то имрӯз ихтисосҳои як қатор муассисаҳои таълимӣ – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (10 ихтисос), Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (5 ихтисос), Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (5 ихтисос), Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон (4 ихтисос), Донишгоҳиславянии Россия – Тоҷикистон (22 ихтисос) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронда шуданд, – гуфт Наврӯз Мирзозода.
Дарвоқеъ, Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки тадриҷан заминаҳои меъёрию ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин гардад, нақшаву барномаҳои он ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ ва сатҳу сифати таҳсилот баланд шуда, мутахассисони ҳирфаӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи кишвар омода карда шавад. Дар баробари ин, заминаи моддию техникии мактабҳои олӣ такмил ёфта, шароити таълиму тадрис дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст ва ин раванд ҳамасола вусъати тоза пайдо мекунад.

О. НАСРИДДИН,
«Омӯзгор»