ТАШРИФИ З.АБДУЛЗОДА БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ №1 ВА 18-И НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

20-05-2022
Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, ҳолати физикии муассисаи таълимӣ, проблемаву мушкилоти муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар субҳи имрӯз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ба номи Камоли Хуҷандӣ ва №18-и ба номи Худоёр Отабоеви ноҳияи Шаҳристон ташриф овард.
Ҳангоми шиносоӣ муовини вазири маориф ва илм бо хонандагони синфҳои 11-и муассисаи таълимии №1 суҳбат намуд ва маълум гардид, ки тамоми хонандагони синфҳои 11-и муассисаи мазкур дар Маркази миллии тестӣ аз қайд гузаштаанд.
Баъд аз боздид аз синфхонаҳо ва шиносоӣ пайдо намудан бо ҳолати физикии муассиса З. Абдулзода-муовини вазир дар ҳузури мудири шуъбаи маорифи ноҳия А.Абдурашидзода бо омӯзгорони муассисаи суҳбати касбӣ доир намуд. Зимни суҳбат муовини вазири маориф ва илм таъкид кард, ки мақсад аз ташриф ба муассиса ва суҳбати имрӯза огоҳ шудан аз вазъи соҳа, аз забони омӯзгорон шунидани проблемаву мушкилоти ҷойдошта, муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва дар ин замина, ҷиҳати рушди соҳа шунидани таклифу пешниҳодҳо аст.
Нахуст, омӯзгори муассиса С.Неъматуллоева таъкид дошт, ки фуруши маҷбурии билетҳои киною театр дар муассиса пешгирӣ карда шавад ва пешниҳод намуд, ки агар филм ҷанбаи тарбиявӣ дошта бошад, мо онро қабул дорем, вале филмҳои маҷбурии меовардаашон тафаккури хонандагонро мекоҳонад. Инчунин, омӯзгорон дар навбати худ доир ба таъмирталаб будани муассиса, норасоии китобҳои дарсӣ, санҷишҳои ғайрисоҳавию ғайринақшавӣ, имтиёзҳои омӯзгорон ва ғайра таклифу пешниҳодҳо намуданд. 
Ҳамчунин, муовини вазир ба синфҳои 1 ва 2-и муассисаи таълимии №18 ворид гардида, бо хонандагон суҳбати озод доир намуд ва толибилмон дар бораи муқаддасоти миллӣ, Президенти кишвар ва Тоҷикистон шеърҳо қироат намуда, ба саволҳои пешниҳоднамудаи муовини вазир посух доданд. Ҳамзамон, З.Абдулзода-муовини вазир бо омӯзгорони муассиса суҳбат намуда, дархосту пешниҳодҳояшонро шунид. 
БАХТОВАР САФАРОВ