ТАЪМИНИ ҒИЗОИ СОЛИМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

09-03-2022
9 - уми марти соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Душанбе-Серена” семинари омӯзишӣ оид ба ислоҳоти навбатии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини хӯроки мактабӣ тавассути интиқол ва пардохти маблағ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии пилотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. 
Дар семинари мазкур сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода, намояндаи БОҶ-и СММ Маҳбуба Расулова, мушовири маҳаллии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) директорон, сармуҳосибон, мудирони хоҷагӣ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пилотӣ иштирок намуданд. 
Дар рафти семинар таъкид гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои беҷетӣ ва ё дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, хонандагони синфҳои ибтидоӣ (аз ҷумла, хонандагон аз оилаҳои камбизоат, ятим ва маъюб) бо ғизоӣ мактабии ройгон таъмин карда мешаванд. 
Бадриддин Музаффарзода - сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм изҳор дошт, ки назорати (санҷиши) ташкили ғизои мактабӣ, таъмини сифат ва бехатарии маводи озуқаворӣ, хизматрасонӣ дар ошхона, буфет ва толори хӯрокхурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва марказҳои назорати давлатии санитарӣ дар доираи ваколатҳои муқарраршуда ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, масъулини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ барои вайрон намудани талаботи Тартиби мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ташкили семинари мазкур гуногунсозии хӯроки мактабӣ тавассути имкон додан ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои харидории маводи озуқаи маҳаллӣ, баланд бардоштани омодагии онҳо дар таҷдиди таркиби сабади ғизо, таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо хӯроки гарм, инчунин ҷиҳати коҳиш додани нобаробарии иҷтимоии оилаҳо, ташаккули заминаи инфрасохторӣ бо истифодаи усулҳо ва технологияҳои тозаи экологӣ, таъмини сифат, мутавозинӣ ва бехатари ғизо, риояи реҷаи ғизо ва қабули ғизои солим аз тарафи хонандагон мебошад.
Зайнаб Ҳусейнова