ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

06-03-2024
Имрӯз дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ҳамоишвазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, занону бонувони собиқадори соҳаи маориф ва раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода занонону бонувони собиқадори соҳа ва дастгоҳи марказиро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама саломатию хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Сипас, бонувони собиқадори соҳаи маориф аз фаъолияти босамари худ дар низоми маорифи кишвар ёдовар шуда, аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Қайд гардид, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан соҳаи маориф ба фаъолияти пурсамар машғуланд ва барои таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Имрӯзҳо фаъолияти занон дар пешбурди соҳаи маориф низ шоиста арзёбӣ мешавад. Бояд гуфт, ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон занон аз корманди оддӣсар карда, то ба вазифаҳои пурмасъули муовини вазир мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми маорифи мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Занону бонувон дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми маорифи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Дар охир собиқадорони соҳа ва бонувон – кормандони фаъоли вазорат бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 нафар бону кору фаъолият менамоянд.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон яке аз тадбирҳои муҳимест, ки барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон