ТАФАККУРИ ИҚТИСОДӢ МУҲИМ АСТ

21-09-2022
Ҳар раванду ҳодисоти ҳаёти инсон ва умуман, кулли мавҷудот хусусияти табиӣ доранд, ки ба хоҳишу орзуҳои мо вобаста нестанд. Вазифаи мо амиқ омӯхтан, пурра донистани механизмҳои фаъолияту талабот ва дар ҳаёту фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба инобат гирифтани мавқеи онҳо мебошад. Масалан, хӯрокию нӯшокӣ, ҳаракатҳои мақсаднок… асоси нигоҳ доштани ҷисми зиндаи мо мебошанд.
Мутафаккири бузург К.Маркс фармудааст: «Ҳар як кӯдак медонад, ки дар муддати чанд ҳафта миллат аз гуруснагӣ мемирад, агар вай ҷараёни меҳнат ва истеҳсолотро боздорад».
Фаҳмиши материалистии таърих таълим медиҳад, ки истеҳсолот ва баъд аз истеҳсолот муомилоти маҳсулоти он асоси ҳама гуна сохти ҷамъиятиро ташкил мекунад.
Бинобар ин, илми асосҳои назарияи иқтисодро беҳтар мебуд, иқтисоди сиёсӣ мегуфтем.
Бо  мафҳуми  васеъ  асосҳои назарияи  иқтисод  илм  оид ба  қонунҳои  идоракунии истеҳсолот ва муомилоти неъматҳои зарурии ҳаёти ҷамъияти инсонӣ мебошад. Вале имрӯз баъзе аз ислоҳотгарони илми асосҳои назарияи иқтисод онро ба фанни «Бизнес-нақша» иваз карданд. Асосгузори илми иқтисодиёт навиштааст: «Вобаста ба мавзуъ чанд  кашфиётро мисол меорем. Дарвин қонуни рушди  ҷаҳони  органикиро  ва Маркс  қонуни  рушди  таърихи инсониятро кашф карданд».
Мазмуни ин қонуниятҳо чунин  аст;  одамон  дар  навбати аввал  бояд  хӯранд, нӯшанд, хонаю  либосу  дигар  асбобу воситаҳои  зиндагӣ  дошта  бошанд, то ки баъд  аз он ба сиёсату санъату илму инкишофи ҷисми худ машғул шаванд. Хулоса, ҷанобоне, ки ба хотири лоиҳаҳои  пулакӣ  илми  асосҳои назарияи иқтисодиро инкор мекунанд, бояд хуб  донанд,  ки зарурати ин илм бебаҳс аст. Мутафаккири юнонӣ Ксенофонт дар асрҳои V-1V то мелод асосҳои назарияи иқтисодро қонун ва санъати  хоҷагидорӣ гуфтааст. Зарураташ  вобаста ба  пайдоиш  ва  ҳастии  инсон мебошад.  Истеҳсоли  бевоситаи неъматҳои зиндагӣ марҳилаҳои рушд  ва  давраҳои зиёдеро дар бар мегирад. 
Дар асоси он ақидаҳои ҳуқуқӣ, санъат, мафкураҳои динию ахлоқии  одамон  пайдо мешаванд.
Иқтисоддони асри ХХ Ҷон Кейнес қайд кардааст, ки ақидаи  иқтисоддонҳо,  хоҳ ҳақ  бошанду хоҳ хато кунанд, ҳамеша аҳамиятнок  аст. Дар ҳақиқат, онҳо ҷаҳонро идора мекунанд ва дар созмонҳои байналмилалӣ мавқеи калидӣ доранд. Беҳуда нест, ки имрӯзҳо дар  сохторҳои олимақоми давлатҳо ба сифати мушовир олимон – иқтисоддонҳои варзида фаъолият мекунанд. Соли 1943, вақте ки фаъолияти Фонди  байналмилалии  асъорро  ба нақша  мегирифтанд,  Ҷ.Кейнс, иқтисоддони  маъруф,  яке  аз муаллифон  ё  мураттибони  он буд. Ё худ солҳои 90-уми асри ХХ иқтисоддонҳои  машҳури Тоҷикистон,  академикҳо Талбак Назаров, Нуриддин Қаюмов ва  дигарон  дар  атрофи  Президенти мамлакат муттаҳид гардида, дар муайянсозии самтҳои сиёсати минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон  ҳиссаи  сазовор  гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки шахсиятҳои  бузург  ба  илми асосҳои  назарияи  иқтисод (ба интеллектуалҳои он) диққати ҷиддӣ додаанд. А.С. Пушкини бузург дар асараш «Евгений Онегин» навиштааст: «Дашном додам  Гомерро, Феокритро, аммо хондам Адам Смитро ва  иқтисоддони  ҷасур  шудам. Яъне  тавонистам  ҳукм  кунам, ки  чӣ  тавр  давлат  бой  мешавад ва чӣ аҳвол дорад. Вақте ки маҳсулоти одӣ набошад, тилло ба мо даркор нест».
Ба фикрам, зарурати  исбот  кардан  нест,  ки  дар  шароити  системаи  хоҷагидории ҳозиразамон  барои  ҳар  як шаҳрванди  солимфикр  ҷиҳати амалӣ  гардонидани  фаъолияти самарабахши  ҳаматарафа  ва пурра  аз  худ  кардани  асосҳои назарияи иқтисод ҳатмист.
Масъалаи аз худ кардани дониши иқтисодӣ аҳамияти бузурги  иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад. Ин илм зарурати пурра таҳлил  кардани мазмуни  дониши иқтисодиро таъкид менамояд ва нақши он дар таъмини фаъолияти  пурсамари  истеҳсолот ва донистани қонуниятҳои рушди он хеле бузург аст.
Ташкили  таҳлили  усулҳо  ва воситаҳои  ташаккул  додани мафкураи  иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Агар сатҳи мафкура ва тафаккури иқтисодии аҳолӣ паст бошад,  мамлакат  миллиардҳо сомонӣ талафот медиҳад.
Бесабаб набуд, ки дар кишварамон бо ибтикори Президенти мамлакат  оид  ба  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросими  миллӣ қонуни махсус қабул карда шуд.
Ин  иқдоми  бузург  моро ба  сарфакорӣ  ҳидоят  намуд. Ба ивази  аз  паси лоиҳаҳову маблағҳои  калон  давидану илми асосҳои назарияи иқтисодиро аз нақшаи таълимӣ гирифтан, вазъияти иқтисодию иҷтимоии  минтақаҳои ватанамонро омӯхта таҳлил карда, хулосаҳои судманд  пешниҳод намудан манфиатовартар хоҳад буд.
Яке аз масъалаҳои барои ҳар як шахс ҳаётан зарур тарбияи тафаккури иқтисодӣ мебошад, ки аз ҳар ҷиҳат манфиатбор аст.
Абуалӣ ибни Синои бузург таъкид кардааст, ки ҳар як донаи гандум боигарист.
Вазифаи муқаддаси илми иқтисод аз овони  кӯдакии  ҳар шахс  тарбия  кардани  тафаккури  иқтисодӣ  мебошад.  Нонрезаю қатраи об неъматҳое мебошанд,  ки  бе  онҳо  ривоҷи  ҳаёт таъмин намешавад.
Тафаккури  иқтисодии  инсон модарзодӣ  нест.  Онро дар раванди  фаъолияту донишандӯзӣ ва пеш аз ҳама, дар рафти машғулият бо истеҳсолот соҳиб мешаванд.
Сарчашмаи пайдоиши тафаккур муносибат ё ҳамкории байни  одамон аст. Одамоне, ки истеҳсолот ва муносибатҳои худро рушд  медиҳанд,  якҷоя бо ин мафкураи  худро  тағйир медиҳанд. Ирода ҳаётро муайян намекунанд. Ҳаёт муайян мекунад иродаро.
Хусусияти  асосии  дониши иқтисодӣ  иборат  аз  он  аст,  ки бевосита  алоқа дорад ба манфиати инсон ва пеш аз  ҳама, манфиате,  ки  инсонро  идора мекунад.
Манфиат ҳамчун  категорияи  иҷтимоии  иқтисодӣ  рафтор, гуфтор  ва  фаъолияти  аъзои ҷамъиятро ифодагар аст.
Раванди дониши  иқтисодӣ бо  ёрии  мафҳумҳои  муайян,  ба монанди таъриф, хислат, алоқа, сифат, вобастагии ҳодисот ва истеҳсолоти  ҷамъиятӣ  ифода мешавад.
Ташаккули фаҳмиши илмӣ дар ҷараёни дар абстраксия (яъне аз ҳодисоти зиёд интихоб кардани ҳодисоти асосӣ), ки методи асосии фаҳмиши равандҳои иқтисодист,  амалӣ  мегардад. Мафҳумҳои  иқтисодӣ  зиёд  ва аз  ҷиҳати  мазмун  гуногунанд. Аммо  аз  байни  онҳо  мавқеи асосии муҳитро категорияҳо ва қонунҳо ишғол мекунанд. Чунонки К.Маркс қайд кардааст, «категорияи иқтисодӣ танҳо аз таҷассуми  назариявии абстрактии муносибатҳои  ҷамъиятии истеҳсолот иборат аст. Ба сифати категория, масалан, арзиш, пул, андоз ва  ғайра истифода мешаванд. Иқтисодиёт  ҳамчун санъати  хоҷагидорӣ  ба  риоя кардани қонунҳои умумӣ  ва махсуси иқтисодие, ки характери  объективӣ  доранд,  вобаста аст.
Алоқаи  дохилӣ,  устувор  ва зарурии  байни  муносибатҳои истеҳсолӣ  қонунҳои иқтисодӣ мебошанд. Онҳо тасодуфӣ нестанд,  ҳастии  воқеианд,  ки  дар асоси  талаботашон  бояд  сиёсати  иқтисодии  давлат  муайян карда  шавад.  Яке  аз  сабабҳои буҳрони  сиёсиву  иқтисодии солҳои  90-уми асри гузашта риоя накардани талаботи қонунҳои иқтисодӣ  мебошад, чун  қонуни  мунтазам  –  мутаносиб  идора  кардани  хоҷагии халқи  мамлакат  ё  ки  инкор кардани  иштироки  давлат  дар иқтисодиёт  ва  ғайра. Вазифаи мо, иқтисоддонҳо ва омӯзгорони асосҳои  назарияи  иқтисод, ҳаматарафа  таҳқиқ  ва  таҳлил кардани  раванд  ва  ҳодисот  бо мақсади  таъсис додани донишу фаҳмиши  иқтисодӣ  мебошад. Ба  фанни  ҳамешагӣ табдил додани асосҳои назарияи  иқтисод зарурати  таърихист.  Назарияи иқтисод ягона илмест, ки зарурияташ аз рӯзе, ки одам пайдо шудааст, эҳсос мешавад. Мо гуфтанием, ки одам барои зинда мондан  бояд бо табиат муносибат карданро дақиқ биомӯзад. Барои зинда  мондан  бояд  истеҳсол  кунад.
Илми назарияи иқтисод на танҳо  барои  хотири  фаҳмиши равандҳои  истеҳсоли  ҷамъият муқаррар  шудааст.  Таъйиноти  ин  илм  замина  бар  тамоми илмҳои дигар мебошад. Марҳилаи имрӯзаи таълимоти  иқтисодӣ  аз  ҳаматарафа ва дар асоси дастовардҳои  илмӣ пешниҳод кардани роҳу усулҳои самараноки  ҳалли  масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ иборат аст. Дар  ҷустуҷӯ ва паҳн кардани кашфиёту донишҳои нав илми иқтисод  ва махсусан, асосҳои назарияи иқтисод нақши муҳим мегузорад.
Бинобар ин, тарбияи тафаккури иқтисодии аҳли ҷомеа, бахусус,  наврасону  ҷавонон ва  дар  мактабҳо  ҷорӣ  намудани  омӯзиши фанни  назарияи иқтисодӣ ба ҷойи фанни бизнес-нақша хеле муҳим аст,  чунки бизнеснақша танҳо як ҷузъи камтарини назарияи иқтисод ба ҳисоб меравад.
Хонандагон ба ин васила бояд  асосҳои  тафаккури иқтисодиро аз худ менамоянд.
Азим НАСИМОВ, 
профессор