ТАБРИКИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

07-03-2022
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар рӯзҳои таҷлил аз Рӯзи модар собиқадорони соҳаи маориф ва собиқ вазирони маориф ва илмро табрик намуд.
Р. Саидзода ба хонаводаи собиқадорони соҳа ва собиқ вазирони маориф ва илм ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи ҳар яки онҳо бархурдор гардид. 
Нахуст, вазири маориф ва илм ба табрики собиқадори соҳа Низорамо Зарипова рафта, аз номи худ ва кормандони соҳа бахшида ба Рӯзи модар табрик намуда, туҳфаҳои рамзӣ тақдим  намуд.
Низорамо Зарипова зикр кард, ки дар давоми фаъолияти меҳнатӣ нафарони касбу кори гуногун, аз ҷумла вазирони маориф ва илм ба дафтари корӣ зиёд омадаанд, аммо ин бори нахуст аст, ки вазири маориф ва илм ба хонаашон ташриф овардаанд.
Сипас, вазири маориф ва илм Р.Саидзода барои табрикот ба хонаи собиқ вазири маориф ва илм Мунира Иноятова рафта, баъд аз супоридани туҳфаҳои рамзи суҳбати самимӣ доир намуданд.    
Мунира Иноятова аз замони фаъолият дар вазифаи вазири маориф ва илм ёдовар шуда, барои фаъолияти минбаъдаи кормандони вазорат барору комёбӣ таманно намуд.
Дар идомаи табрикот, вазири маориф ва илм ба аёдати собиқадори соҳа Лидия Бурунчкова рафта, аз ҳолу аҳвол ва зиндагии мавсуф бохабар гардид. Вазир зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ собиқадорони соҳа таҳти ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, нисбат ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва ҳамеша дастгирӣ меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки Лидия Бурунчкова 41 сол дар Вазорати маориф ва илм фаъолият кардааст.
P.S.: Зимни ташрифи вазири маориф ва илм ба хонаи собиқ вазири маориф ва илм Бозгул Додхудоева фарзанди эшон иттилоъ дод, ки муаллима айни ҳол дар хона нестанд ва берун аз шаҳр қарор доранд. Вазири маориф ва илм тавассути телефон табрикоти самимии худро ба Б.Додхудоева расонид.