Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ. Мулоқот бо хонандагони гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд

04-03-2024
Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила, мудири шуъбаи маориф, намояндагони тандурустӣ, кор бо ноболиғони ШВКД дар шаҳр дар мавзуҳои Паёми Пешвои миллат-Роҳнамои ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуда, аз тарафи масъулин вобаста ба мавзуҳои болозикр маърӯзаҳо ироа гардид.