Соли 2023 дар Тоҷикистон барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 14 фоиз зиёд мебошад

01-09-2023
Соли 2023 дар Тоҷикистон барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 14 фоиз зиёд мебошад
ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад. Чунин иброз доштанд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара.
Сарвари давлат зиёд шудани маблағгузории соҳаро барои рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳоти он муҳим арзёбӣ намуданд.
Инчунин гуфта шуд, ки ҳоло дар соҳаи маорифи мамлакат ду стратегия қабул шуда, дар асоси онҳо амалисозии ҳашт барномаи давлатӣ идома дорад.
«Дар ин раванд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар самти бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд», -изҳор доштанд Пешвои миллат.