Шумораи хонандагони Тоҷикистон нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад

01-09-2023
ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара изҳор доштанд, ки дар соли таҳсили 1991 – 1992 шумораи хонандагон дар мамлакат 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Ин шумора дар соли таҳсили 2022-2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Ҳамзамон Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат ба Вазорати маориф ва илм дастур доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва бунёди деҳаву маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати вусъат додани сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар онҳо мунтазам тадбир андешанд.
«Илова бар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру навсозии муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта тадбирҳои зарурӣ андешад», — таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат ҳамзамон иброз доштанд, ки барои иҷрои супоришҳои додашуда намояндагони мақомоти марказӣ, яъне роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ масъул мебошанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»