СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ «SCOPUS» БАРОИ УСТОДОН

16-10-2019
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2019 дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бори аввал семинари омӯзишии «Scopus» («Скопус») доир гардид. 
Семинари мазкурро сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Н.Сайдализода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки «Scopus» - яке аз бузургтарин ва муътабартарин хазинаи нашриётӣ ва маҷаллаҳои илмӣ дар ҷаҳон мебошад, ки ҳар сол тамоми мақолаҳои маҷаллаҳои илмии ҷаҳонро нашр мекунад. 
Гуфта шуд, ки нашриёти мазкур соли 1880 дар Амстердам (Нидерландия) таъсис ёфта, дар Британияи Кабир, ИМА, Бразилия ва дигар кишварҳо филиалҳои худро доро мебошад.
Ба иштирокдорон намояндагони минтақавии лоиҳаи «Elsevier» Алия Оспанова ва Димитрий Султанов доир ба таълифи мақола дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва ворид намудани муассисаҳо дар радабандии байналмилалӣ иттилоъ доданд. Инчунин, Алия Оспанова дар маърӯзаи худ қайд намуд, ки муаллифон ҳангоми таълифи мақола, пеш аз ҳама, бояд ба қоидаҳои умумии қабулшуда ва стандартҳои маҷаллаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ намоянд.
Масъулин, инчунин иброз доштанд, ки чопи мақолаҳо дар маҷаллаи «Scopus» ройгон мебошад.
Маркази матбуот