СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: “МЕТОДОЛОГИЯИ ДАСТГИРИИ БАРДАВОМИ РУШДИ КАСБИИ ОМӮЗГОР”

21-04-2022
 
21-уми апрели соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ”-и Душанбе аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ бо дастгирии шарикони рушд дар дораи лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” татбиқи самти тақвияти низоми дастгирии омӯзгорон семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Методологияи дастгирии бардавоми рушди касбии омӯзгор” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, намояндаи Бонки исломии рушд Муҳаммад Мирзои Каҳок, сардори бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Алберто Бианколи, директорон, муовинони директори муассисаҳои таҳсилоти умумии пилотии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияиҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, аъзоёни гурӯҳи асосӣ ва шахсони дахлдор иштирок намуданд. 
Мақсад аз баргузории семинари мазкур шиносоии иштирокчиёни лоиҳа бо нақшаҳо ва табиқи методологияи таҳсилоти муттасили касбӣ, пешниҳоди натиҷаҳои таҳқиқоти ибтидоӣ барои банақшагирии дурусти қадамҳои оянда ва баррасии қадамҳои минбаъдаи омӯзиши омехта барои омӯзиши касбии муттасил, аз ҷумла методологияи татбиқи лоиҳа мебошад. 
З. Абдулзода-муовини вазири маориф ва илм дар оғози семинар иброз дошт, ки ташаккули шахсияти бофарҳанг, донишманд, таҳаммулпазир, дорои қобилият ва малакаю маҳорати зарурӣ, бешубҳа аз боғча ва мактаб ибтидо мегирад. Маҳз талошу заҳматҳои пайвастаи омӯзгор метавонад чунин шахсиятҳои варзидаро тарбия кунад ва ба воя расонад. Аз ин рӯ, ҷомеа пеш аз ҳама ба омӯзгори дорои дониш, қобилият, малака ва маҳорати баланди касбӣ ниёз дорад, зеро тақдири ояндаи насли наврас ба фаъолияти самаранок, масъулият, салоҳиятнокӣ, маҳорати касбӣ ва муносибати дилсӯзонаи омӯзгор пайванд аст. 
- Дар беҳтар намудани сифати таҳсилот, самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маориф, иттиҳодия ва шуроҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавқеи калидӣ доранд. Интихоби роҳу равиш ва шаклу воситаҳои дурусти ба роҳ мондани корҳои методӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон, аз худ намудани методҳои пешрафтаи таълим, таъмини сифат ва самаранокии раванди таълиму тарбия, баланд рафтани сатҳи дониши хонандагон ва татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф мусоидат намуда, иҷрои муваффақонаи вазифаҳои хадамоти методиро дар муассисаҳои таълимӣ таъмин менамояд. Истифодаи васеъ аз шаклу усулҳои мухталифи таълим, дар азхудкунии барномаҳои таълимӣ метавонад ҳавасмандии хонандагонро таъмин намуда, муҳити мусоиди психологиро дар раванди дарс муҳайё созад, ки ин барои ҳамоҳанг кардани рушди потенсиали эҷодии хонандагон ва низоми мақсадноки кори омӯзгорон мусоидат менамояд,-қайд кард муовини вазир. 
Намояндаи Бонки исломии рушд Муҳаммад Мирзои Каҳок зимни суханорнии худ зикр кард, ки лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” лоиҳаи чорсола буда, мо дар дуюмин соли татбиқи он қарор дорем ва кушиш мекунем, ки дар беҳтар кардани таҳсилоти босалоҳият дар Тоҷикистон саҳми худро гузорем. 
-Айни замон мо 30 муассисаи таълимии озмоишӣ ва 30 муассисаи таълимии назоратиро интихоб намудаем ва мехоҳем методологияи рушди муттасили касбии омӯзгорро дар онҳо татбиқ намоем. Ҳадафи кори мо нақш ва пуштибонии муаллим, бознигарии стандартҳои барномаҳои таълимӣ, тақвияти сифати таҳсилот ва арзёбии онҳо мебошад,-иброз дошт дар идома Алберто Бианколи-сардори бахши маорифи ЮНИСЕФ.
Ҳамзамон, аъзоёни гурӯҳи асосӣ дар мавзуҳои методологияи рушди муттасили касбии омӯзгор асоси тақвияти низоми дастгирии омӯзгор дар Тоҷикистон, натиҷаҳои таҳқиқоти ибтидоӣ аз фанни математика, бознигарии барномаи таълим ва захираҳои методӣ аз фанҳои математика ва забони тоҷикӣ ва омӯзиши омехта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд ва байни иштирокчиён атрофи он мубодилаи афкор сурат гирифт. 
Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл ҳамоиши мазкур дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсози назди Вазорати маориф ва илм ҷиҳати баррасии натиҷа ва раванди татбиқи лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, намояндаи Бонки исломии рушд Муҳаммад Мирзои Каҳок, сардори бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Алберто Бианколи ва намояндагони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд. Ҳадафи ҷаласа ин ба кумитаи роҳбарӣ, Бонки исломии рушд/Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф пешниҳод намудани маълумот оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳа: натиҷаҳои то имрӯз бадастомада ва баррасии қадамҳои минбаъда ва пешниҳодҳои ҷонибҳои калидии манфиатдор буд. 


БАХТОВАР САФАРОВ