СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

28-11-2023
27-28 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 семинари омӯзишӣ барои омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид. 
Муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода аз рафти баргузории семинари мазкур дидан намуда, бо иштирокчиёни семинари мазкур суҳбат анҷом дод ва аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба соҳаи маориф ва илм ёдовар шуд. Муовини вазир иброз дошт, ки  баргузории семинару конференсияҳо, озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, иҷрои барномаву нақшачорабиниҳои соҳавӣ ва консепсияву дурнамоҳо барои боз ҳам таҳким бахшидани соҳаи маориф заминаи мусоидро фароҳам меорад. 
Дар идома, қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории семинари мазкур боз ҳам баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, рушди касбии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфти омӯзгорони соҳибмалака ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияи нав дар раванди омӯзиш (аз қабили синфхонаҳои лингофонӣ) ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки таълим ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим мебошад.
Дар марҳилаи якум семинар барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ баргузор гардида, ҳамзамон барои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва НТМ дар рӯзҳои минбаъда дар назар аст.
Дар охир барои иштирокчиёни семинари имрӯза аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сертификат тақдим гардид.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон