СЕ ПЛАТФОРМАИ РАҚАМӢ МУАРРИФӢ ГАРДИД

27-04-2022
27-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии платформаҳои рақамӣ дар доираи лоиҳаҳои ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Алберто Бианколи, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тебеи вазорат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. 
Мақсад аз муаррифӣ ин баррасии тарҳи палатформаҳои рақамӣ ва ҷустуҷӯйи фикру мулоҳизаҳо барои беҳтар кардани сифати онҳо, банақшагирии қадамҳои оянда барои истифодаи платформаҳо ва баланд бардоштани иқтидори истифодабарандагон мебошад. 
Нахуст, Ҷ. Ҷӯразода-муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол ва демократӣ ислоҳоти соҳаи маорифро ҳамчун ҳадафи стратегӣ ва афзалиятнок қарор дода, пайваста барои рушди он чораҳои таъхирнопазир меандешад. Ислоҳоти маориф дар Тоҷикистон ба хотири васеъ намудани имкониятҳои маърифатии шаҳрвандон, рақамикунонии таҳсилот, тарбияи кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир, соҳибмаърифат, бофарҳанг, мустақил, эҷодкору навовар, инчунин барои мутобиқ намудани соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рақамикунонии соҳаи таҳсилот, ба вуҷуд овардани шароит барои таҳсилоти фосилавӣ, татбиқи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 26.10.2021, №460 иҷрои Нақшаи фаъолияти якҷояи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) барои солҳои 2021-2022 лоиҳаҳои платформаҳои рақамиро дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ намояд. 
-Ду масъаларо қайд кардан мехоҳам, ки дар ЮНИСЕФ рақамикунонии соҳаи таҳсилот яке аз муҳимтарин самтҳо ба ҳисоб меравад, махсусан дастрасии хонандагон, омӯзгорон ва дигар истифодабарандагон ба маводи сифатнок ва умуман дастрасии оммавӣ гардидани он мебошад. Дуюмин масъала он аст, ки то чӣ андоза мо метавонем ин иқдомҳо, яъне ислоҳоти маорифро ба роҳ монем ва чорабинии имрӯзаи мо маҳз дар ин бобат аст. Бояд бигӯям, ки ҳамаи ин иқдомҳо бе дастгирии фаъолонаи худи Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он, аз ҷумла Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия номумкин буд. Ин буд, ки дар ҳамкории зичи тарафайн мо платформаҳоро таҳия намудем, ҳамчунин дарсҳои видеоӣ омода шуда истодаанд ва муҳим аз ҳама он аст, ки ин платформаҳои чӣ гуна дастраси муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва омӯзгорон гардад. Айни ҳол мо корро дар ин самт ҷоннок карда истодаем,-қайд кард Алберто Бианколи. 
Сипас, аз ҷониби директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Абдураҳмон Гулзода палатформаи таълимии рақамӣ “Сандуқчаи Зулбиё” (www.tomaktabi.tj) муаррифӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки он платформаи рақамии таълимӣ барои таҳсилоти томактабӣ таҳия шудааст, ки барои мураббиён ва падару модарони кӯдакони то синни 6-сола маводи босифатро дастрас менамояд. “Сандуқчаи Зулбиё” ҳамчун платформа барои рафъи холигӣ дар соҳаи маориф як ҳалли наве пешниҳод намуда, омӯзиши босифат ва тағйирёбандаро дастгирӣ менамояд. “Сандуқчаи Зулбиё” натиҷаи ҳамкориҳои ЮНИСЕФ, Майкрософт, Донишгоҳи Кембриҷ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мушкилот ва маҳдудиятҳои дастрасии беш аз 1,5 миллион кӯдакони синни то 6-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилоти доимии босифат ва фарогирии ками кӯдакон дар саросари кишварро ҳал менамояд. 
Китобхонаи электронӣ (www.marifat.tj), ки аз тарафи мушовири маҳаллии Маркази ҷумҳуриявии ТИК Гетигурд Рустамов муаррифӣ гардид, ҳадафи он фароҳам овардани дастрасии осон ва кор бо нусхаҳои рақамии захираҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва муҳтавои мултимедиявӣ, аз қабили аудио ва видео мебошад. Китобхонаи мазкур ба эҳтиёҷоти таълим ва омӯзиш ҷавобгӯ буда, мушкилоти рушди бардавомро муайян менамояд. Он барои омӯзгорон ва хонандагон имкон хоҳад дод, ки захираҳои иттилоотӣ ва воситаҳоеро истифода баранд, ки муқарраран аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва консептуалӣ дастнорас набуданд. 
Ҳамзамон, палатформаи омӯзишии рақамии “Мактаб Мобайл” (www.maktabmobile.tj) барои омӯзгорон, волидайн ва хонандагон ва “Омӯзгор Мобайл” (www.omuzgormobile.tj) барои омӯзгорон муаррифӣ гардид, ки онҳо барои кору фаъолияти омӯзгорон, имкониятҳои дастрас барои хонандагон ва огоҳии волидон аз таҳсили фарзандонашон муфид аст. 

БАХТОВАР САФАРОВ,
корманди маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм