РУШДИ МАОРИФ. Барои донишҷӯён хобгоҳ ва барои омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар хонаи истиқоматӣ месозанд

15-06-2023
ДУШАНБЕ, 15.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои донишҷӯён хобгоҳи нав месозанд. Раёсати Донишгоҳи мазкур ҳамчунин сохтмони бинои 9-қабатаи истиқоматиро барои таъмини устодону кормандон бо манзили зист ба нақша гирифтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур.
Тибқи иттилои масъулин, бинои 7-ошёнаи хобгоҳи нав барои 460 нафар донишҷӯён дар минтақаи Дӯстии халқҳои шаҳри Бохтар сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Шайх Ҳусейн» аллакай оғоз гардидааст.
Мавриди тазаккур аст, ки дар хобгоҳи айни замон амалкунандаи Донишгоҳ наздики 400 нафар донишҷӯ истиқомат менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дорои 9 бинои таълимӣ, 7 факулта, 24 кафедра, 144 синфхона, 19 озмоишгоҳи таълимӣ, 2 озмоишгоҳи таълимӣ-таҳқиқотӣ, коллеҷи омӯзгорӣ ва гимназия мебошад.
Масоҳати таълимии донишгоҳ 68579 м2 ташкил дода, барои таҳсили 3150 донишҷӯ дар як баст ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён дар 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавӣ дар масоҳати 7 га замин гузаронида мешаванд.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аъзои шабакаи Донишгоҳҳои Авруосиё мебошад.