РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

25-04-2024
25-уми апрели соли равон дар Вазорати маориф ва илм вохӯрии онлайнии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири маорифи Федератсия Россия Сергей Кравсов баргузор гардид. Дар он ҳамчунин муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Россия иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ, чопи китобҳои дарсӣ, сохтмону азнавсозии биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва табодули таҷрибаи дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон дар вохӯрӣ сохтмону ба истифода додани бинои муассисаҳои нави таълимӣ ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҷониби мо аз рушди ҳамкориҳо дар самти маориф бо Федератсияи Россия қаноатманд буда, тарафдори дар сатҳи нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар доираи санадҳои қабулгардида мебошад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон