Раҳим Саидзода: «Дар чанд соли охир пайи ҳам музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм ва стипендияҳо зиёд гардид»

03-02-2024
ДУШАНБЕ, 03.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ду соли охир пайи ҳам музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм ва стипендияҳо ба андозаи 20%-ӣ зиёд гардид. Аз 1 июли соли 2024 маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40% зиёд мегардад. Ин дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, маорифчиён ва аҳли илмро водор месозад, ки бо масъулияти баланд пайваста дар баланд бардоштани маърифати хонандагону донишҷӯён, беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва мустаҳкам намудани шароити моддиву техникии муассисаҳои таълимии мамлакат бештару пештар корбарӣ намоем. Ин матлабро Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки 2 феврали соли равон баргузор шуд, баён намуд.
«Дар маҷмуъ, мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, пешрафт ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад»,-илова намуд Раҳим Саидзода.
Дар нишасти мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 212 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ бо 45 564 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд (соли 2022 ин нишондиҳандаҳо 199 бино ва синфхонаҳои иловагӣ барои 44 910 ҷойи нишастро ташкил медод). Соли 2023 теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 717 адад расида, дар онҳо 104921 кўдак таълиму тарбия мегиранд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 10 муассиса ва 2396 нафар кўдак зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки зарур аст дар раванди амалисозии лоиҳа муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин гардад.
«Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад»,-тазаккур доданд Роҳбари давлат.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»