ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "БЕҲТАРИН РОҲБАРИ СОЗМОНИ ХОНАНДАГОН" ҶАМЪБАСТ ВА САБРУЛЛОИ АБДУЛВОИЗ ҒОЛИБИ ОН ДОНИСТА ШУД

15-12-2023
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази  ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври  ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин роҳбари созмони хонандагон» баргузор гардид. Дар озмун довталабон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Тибқи шартҳои озмун иштирокчиён аз рӯйи банақшагирии солонаи фаъолияти худ, кор аз рӯи зинаҳо ва самтҳои созмон, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, кор бо технологияи муосир, донистани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, кор бо падару модарон, маъмурияти муассиса ва омӯзгорон дар самти беҳдошти фаъолияти созмони хонандагон, пешниҳоди маводи таҳиягардида маҳорати худро ба ҳайати ҳакамон бояд  муарифӣ намуданд.
Дар натиҷа бо гирифтани 238 хол роҳбари созмони хонандагони литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе - Сабруллои Абдулвоиз сазовори ҷойи якум, бо гирифтани 212 хол роҳбари созмони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд - Ғоибов Б. сазовори ҷойи дуюм ва бо гирифтани 181 хол роҳбари созмони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Леваканти вилояти Хатлон - Ашуров Ҷ. сазовори ҷойи сеюм дониста шуд.
Дар анҷоми озмун, ғолибон ва иштирокчиён бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаҳои кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуда, ғолиби ҷойи якум соҳиби ҷоизаи таъсисдодаи кумитаи тадорукоти озмун ва роҳхати иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба беҳтарин осоишгоҳ гардид. 
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузории озмун ин муайян кардани беҳтарин роҳбари ташаббускор ва навовар, инкишоф додани фаъолияти зеҳнию эҷодӣ, паҳн кардани таҷрибаи пешқадами беҳтарин роҳбари Созмони хонандагон ва тавассути он баҳои воқеӣ додан ба кори раиси Созмони хонандагон иборат буд.

 Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои
таҳсилоти иловагии Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон