ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

01-09-2023
Субҳи имрӯз, дар Муассисаҳои таълимии ноҳияи Айнӣ соли нави таҳсил чун дар дигар мактабҳои кишвар оғоз гардид.
Дар МТМУ-и №1-и ба номи Мақсуд Шукурови маркази ноҳия Дарси аввал бо садо додани Суруди миллӣ ҳусни ифтитоҳ гирифт, ки дар он Раиси ноҳия Муқим Муродзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар чорабинӣ ҳамчунин, сардори Раёсати Хадамоти бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Фарҳод Мукаррамзода ва дигар фаъолону волидон ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳия толибилмон ва омӯзгоронро бахшида ба оғози соли нави таҳсил табрику муборакбод намуда, зикр намуд, ки “Таҷлили Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат буда, инчунин анъанаи некест, ки устодону омӯзгорон ва шогирдони муассисаҳои таълимиро ба сӯи дастоварду комёбиҳои нав раҳнамоиву дилгарм месозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардонидааст. Фарорасии Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳро, ки соли нави таҳсил бо ин санаи фархунда оғоз меёбад, ба ҳамаи шумо устодону омӯзгорон, падару модарон, хонандагон ва хоса муҳассилине, ки имсол ба остонаи ин боргоҳи муқаддас қадам мегузоранд, самимона табрик гуфта, бароятон комгорӣ ва дастовардҳои нав ба нави илмиву эҷодӣ таманно дорам”.
Баъдан, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд -сардори Раёсати Хадамоти бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.      
Ҳамчунин мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мукаррамзода Фарҳод ва собиқадори соҳаи мактабу маориф Асолат Ҳасанова дар чорабинӣ баромад намуда, хонандагону омӯзгоронро ба муносибати Рӯзи дониш табрику муборакбод намуд. Гуфта шуд, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз фароҳам сохтани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи шумо, аз он иборат аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоид хуб хонед, илму дониш омӯзед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоед ва дар оянда ба халқу Ватан ҳамчун кадрҳои ҷавон содиқона хизмат кунед.