ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ИСТИРОҲАТГОҲҲОИ ТОБИСТОНА БАРОИ ХОНАНДАГОН

15-06-2023
Ҳамасола бо фарорасии фасли тобистон кӯдакону наврасон ба истироҳат дар фароғатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд. Истироҳатгоҳи «Орзу» воқеъ дар ноҳияи Варзоб фаъолияти имсолаи худро аз рӯзи 13-уми июн оғоз намуда, 225 нафар хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи Фирдавсиро ба худ ҷалб кардааст. Истироҳатгоҳ дорои шароити муосирбуда, ҳамарӯза дар он хонандагон ба бозиҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ машғуланд.
Истироҳатгоҳи дигар, ки бо номи «Гулхан» маъруф шудааст, болотар аз истироҳатгоҳи «Орзу» ҷойгир буда, он низ рӯзи 13-уми июн фаъолияти худро оғоз намудааст. Дар истироҳатгоҳ ҳамарӯза хонандагон аз соати 6:30 дақиқа ба машқи пагоҳирӯзӣ машғул шуда, соати 7:30 ба онҳо субҳона дода мешавад. Баъдан онҳо ба бозиҳои шоҳмот, футбол, волейбол, шиноварӣ ва ғайра машғул мешаванд. Соати 21:30 вақти хоб эълон шудааст. Истироҳатгоҳи «Гулхан» 200 нафар хонандаро аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба таври ройгон фаро гирифтааст.
Истироҳатгоҳи Зимчуруд дар паҳнои дигари ноҳияи Варзоб ҷойгир шуда, дорои табиати хушбоду ҳавост. Ин истироҳатгоҳ ҳамасола 240 нафар хонандагони ноҳияи Шоҳмансурро ба истироҳат фаро гирифта, онҳоро се вақт бо хӯроки гарм таъмин менамояд. Дар истироҳатгоҳ бозиҳои варзишиву намоишномаҳои фарҳангӣ, саёҳати кӯҳсор ва ғайра гузаронида мешавад. Дар истироҳатгоҳ дар фасли тобистон дар 4 баст хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Истироҳатгоҳи «Шарора» дар паҳлӯи кӯли Душанбеи ноҳияи Варзоб ҷойгир буда, макони хушбоду ҳавоест. Истироҳатгоҳ ҳамасола 180 нафар хонандагони мактабҳои ноҳияи Исмоили Сомониро ба истироҳат ҷалб мекунад. Хонандагон бо варзиши пагоҳирӯзӣ рӯзро оғоз намуда, баъд аз хӯроки наҳор ба бозиҳои волейбол, футбол, баскетбол, шоҳмот ва шиноварӣ машғул мешаванд.
Бояд қайд кард, ки ин истироҳатгоҳҳо ҳамасола хонандагонро ба тарзи ройгон фаро гирифта, ба онҳо хотираҳои нотакрор мебахшанд.
«Пайрав»