Омӯзгори сол - 2024 ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

15-04-2024
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон- 2024" баргузор гардида истодааст.
Бахусус, дар шаҳри Бохтар бо иштироки доираи васеи довталабон даври шаҳрӣ гузаронида шуда, аз рӯйи талаботи озмун довталабон маҳорати худро нишон доданд.
Ҳайати ҳакамон як нафар довталабро интихоб карда, ба даври вилоятӣ роҳхат медиҳанд. Бояд нафаре интихоб гардад, ки шарафи шаҳру вилоятро дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳимоя карда тавонад.

Хадамоти матбуоти
раёсати маорифи вилояти Хатлон