ОМОДАГӢ БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ““ТОҶИКОН” - ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ”

06-09-2023 6 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни комиссия, ҳайати ҳакамони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат», комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Сараввал муовини якуми вазири маориф ва илм, котиби комиссияи озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҳозиринро ба Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар чор озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби аҳолӣ, махсусан хонандагону омӯзгорон ва ҷавонону табақаи калонсоли кишвар дастгирии васеъ пайдо кардааст. Раванди баргузорӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои озмунҳо далели он аст, ки мардуми мо ба суннати ниёгони худ арҷ гузошта, дар муаррифии ҳунару истеъдод, маҳорату малакаҳо аз илму фанҳои табиию риёзӣ ва китобхонию суханварӣ ҷаҳду талош менамояд.
Дар идома вобаста ба корҳои анҷомдодашуда ва вазифаҳои минбаъдаи озмун гузориши сардори раёсати илм ва инноватсия Сироҷиддин Ниёзӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки дар даври дуюми озмун 16994 нафар иштирок намуда, ба даври сеюм 1605 нафар роҳхат гирифтанд.
Сипас Ҷамшед Ҷӯразода доир ба омодагиҳо ба даври сеюм ва тартиби баргузории он суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври сеюми озмун шинос кард.
Дар рафти ҷаласа, ҳамчунин, аз аъзои ҳакамон дархост ба амал оварда шуд, ки дар рафти озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳогузорӣ карда, нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.
Инчунин, таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.
Гуфта шуд, ки даври сеюми озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 12-ум то 22-юми сентябри соли равон баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем ки озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” таҳти сарпарастии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли ҷорӣ баргузор мегардад.
 Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон