Олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8 ҷамъбаст гардид

17-05-2021
 
Рӯзҳои 15-16 майи соли 2021 дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (синфҳои 7-8) ва  Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ- риёзӣ (синфҳои 7-8) баргузор гардид.
Дар он 1103 нафар хонанда, аз ҷумла аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 615 нафар ва аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 489 нафар иштирок намуда, дар ҷамъбасти олимпиадаҳо 378 нафар сазовори ҷойи якум, дуюм, сеюм (57 тилло, 107 нуқра, 214 биринҷӣ) гардиданд.    
Аз рӯи натиҷаҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти шаҳри Душанбе бо гирифтани 149 ҷойҳои ифтихорӣ (31 медали тилло, 47 медали нуқра, 71 медали биринҷӣ) соҳиби мақоми аввал гардиданд.  Мақоми дуюмро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд бо гирифтани 97 ҷойи ифтихорӣ (11 медали тилло, 31 медали нуқра, 55 медали биринҷӣ) сазовор шуданд. Ҷои сеюм насиби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон бо гирифтани 78 ҷойи ифтихорӣ (11 медали тилло, 19 медали нуқра, 48 медали биринҷӣ) гардид.