Олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соҳиби 4 нахустпатент гардиданд

31-01-2024
ДУШАНБЕ, 31.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар самти ихтироот ва навоварӣ фаъолияти илмӣ намуда, соҳиби 4 нахустпатент гардиданд. Дар ин хусус имрӯз ректори ин донишгоҳ Усмон Маҳмадёрзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, дар назди донишгоҳ 4 Шурои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки инҳо 3 Шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 Шурои диссертатсионии тобеи Комиссияи олии аттестатсионии  Федератсияи Русия аз рӯйи 2 ихтисос мебошанд.
Усмон Маҳмадёрзода изҳор намуд, ки донишгоҳ бо 123 ташкилоту муассисаи олии хориҷи мамлакат шартномаи ҳамкорӣ дошта, 9 лоиҳаи грантӣ амалӣ мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ТИКА-и Туркия ва «Ассотсиатсияи дӯстӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Миёна» дар Донишгоҳи аграрӣ 3 гармхонаи замонавӣ ба истифода дода шудааст, ки яктои он бо усули ҳозиразамон (гидропоника) фаъолият менамояд. Дар онҳо ниҳолҳои помидор, қаламфур, боимҷон ва бодиринг шинонида шудаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»