ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНИШҶӮ ВА ПЕШРАФТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ” ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

21-04-2022
21- уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Рушд ва дурнамои илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ” баргузор гардид, ки дар рафти он ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” қадрдонӣ шуданд. 
Нахуст, вазири маориф ва илм Р.Саидзода зикр кард, ки баргузории ин гуна озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастгирии ҷавонон ва қадрдонӣ аз хизмату заҳматҳои онҳо ба ҳисоб меравад. 
- Дар ҳақиқат ҳам ҷавонони мо қувваи бузурги созандаанд ва маҳз бо ҳамин сабаб дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони кишвар бамаротиб зиёд гардид,-таъкид кард вазир. - Бо боварӣ метавон гуфт, ки ба озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника», ки имрӯз мо натиҷаҳои онро ҷамъбаст менамоем, беҳтарин навҷӯиву навовариҳои донишҷӯёни мо пешниҳод шуда, бо туҳфаҳои созмондодаи Кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ мегарданд.
Озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвон “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” аз соли 2016 инҷониб миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад. 
Имсол аз 15 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 141 корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён пешниҳод гардид, ки тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон ба беҳтарин корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм пешбинӣ гардиданд. Ҳамин тавр, сазовори ҷойи якум дар бахши математика Шомуродов Сафарбек –донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, дар бахши физика Мирзоев Комрон - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, дар бахши химия Мирзозода Суманисо - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши геология Абдураҳмонов Шокир - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши иқтисодӣ Дадобоева Парвина - донишҷӯи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дар бахши фалсафа Зайнаб Абдуманонзода - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши педагогика Раҳмонова Шарифамо - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи номи А.Рӯдакӣ, дар бахши психология Имомназаров Аслам - донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар бахши техникӣ ва инноватсия Ҳафизов Орзу - донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, дар бахши фарҳангшиносӣ Қурбонхолзода Равшан - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар бахши ҳуқуқшиносӣ Саидзода Гулру - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, дар бахши биология Сафаров Назаралӣ - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши география Ҳабибов Саъдулло - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, дар бахши технологияи иттилоотӣ Шарифов Ҷабраил - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, дар бахши таърих Турдиев Суҳроб - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, дар бахши сиёсатшиносӣ Дарвешова Моҳпарӣ - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дар бахши экология Хоҷаева Садаф - донишҷӯи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, дар бахши сайёҳӣ Насимова Муниса - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар бахши адабиёти ҷаҳон Убайдзода Иброҳим - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши типологияи муқоисавӣ Абдураҳимова Дилафрӯз - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, дар бахши адабиёт Ёрмухамедова Шаҳло - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардиданд.
Ҷойҳои дуюм насиби Мадинаи Диловаршо - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ (бахши математика), Назирмадова Миҷгона - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ (бахши физика), Тоирзода Мустафо - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бахши химия), Муллобеков Умедҷон - донишҷӯи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (бахши геология), Ашурова Дилноза - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (бахши иқтисодӣ), Қурбонзода Меҳробиддин - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бахши фалсафа), Фаридуни Сафаралӣ - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бахши педагогика), Дадобоева Нодирабегим - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (бахши психология), Давлатқадамова Моҳҷабин - донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (бахши техникӣ ва инноватсия), Бабаджанова Бунафша - донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (бахши фарҳангшиносӣ), Раҳимзода Фирдавс - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикситон (бахши ҳуқуқшиносӣ), Расулов Кароматулло - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ (бахши биология), Атахонова Фарзонахон - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (бахши география), Зиёвуддини Маҳмадалӣ - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бахши технологияи иттилоотӣ), Содиқов Сомон - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (бахши таърих), Холидаи Ниёздухт - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (бахши сиёсатшиносӣ), Умаров Сорбон - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (бахши экология), Ваҳобов Акмалҷон - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав (бахши сайёҳӣ), Сулейманова Бунафша - донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Россия (бахши адабиёти ҷаҳон), Саидаи Ҳабибулло - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бахши типологияи муқоисавӣ), Моҳшарифи Исмоил - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ (бахши адабиёт) гардид.
Сазовори ҷойҳои сеюм дар бахши математика Саймаҳмуди Сайвалӣ - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, дар бахши физика Шамсидинова Аниса - донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Россия, дар бахши химия Қурбоналии Саттор - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар бахши геология Муминов Қурбоншо - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши иқтисодӣ Оқилов Фаридун - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, дар бахши фалсафа Тоҷов Ҷумъабой - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши педагогика Мухторова Мадинахон - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, дар бахши психология Сафарова Мафтуна - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши техникӣ ва инноватсия Кабирова Маҳноза ва Таиров Муҳаммад - донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши фарҳангшиносӣ Алиева Гулҳайё - донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, дар бахши ҳуқуқшиносӣ Сайдалиён Муҳаммадҷон - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши технологияи иттилоотӣ Кучаков Шаҳбоз - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, дар бахши таърих Бабаев Сафар - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши сиёсатшиносӣ Раҳмонов Фирдавс - донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар бахши экология Каримов Меҳровар - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар бахши сайёҳӣ Насимхонзода Маҳфузахон - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акадмик Б.Ғафуров, дар бахши адабиёти ҷаҳон Хоркашов Муҳаммад - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши типологияи муқоисавӣ Юсупов Алишер - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, дар бахши адабиёт Нуралиева Бибихадича - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардиданд.
Ҳамзамон, 15 нафар иштирокчиёни фаъол сазовори “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Ба ғолибон аз ҷониби вазири маориф ва илм Р.Саидзода диплом ва дигар туҳфаҳои созмондодаи кумитаи тадорукот тақдим гардид.
ЗАЙНАБ ҲУСЕЙНОВА