ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲО АЗ ФАНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ-ГУМАНИТАРӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 11 ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

18-04-2022
18-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи “Суруш” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Р. Саидзода-вазири маориф ва илм иброз дошт, ки таълиму тарбияи насли ҷавони боистеъдод яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, масъалаи дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҳамчун самти афзалиятноки соҳаи маориф эътироф шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирӣ ва ғамхории кӯдакони болаёќат ва соҳибистеъдод ќайд намуданд, ки “ғамхорӣ ба кӯдакони соҳибистеъдоду лаёқатманд ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу зиндагӣ барои онҳо ҳамеша дар маркази диќќати давлат ва Ҳукумат ќарор дорад”. Бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилиятҳои эҷодии истеъдодҳо “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори ҲҶТ аз 03.04.2021, №113) қабул гардид, ки барномаи мазкур дар самти ташаккули ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо нақши муҳим мегузорад.
-Ташкили мактабҳои Президентӣ, литсейю гимназияҳо барои хонандагони болаёќат ва марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо заминаҳои мусоиди таълиму тарбияро барои кӯдакони болаёќат муҳайё намуд. Маҳз ташаббуси ин иќдом ва ташкили шароити мусоид имкон дод, ки хонандагони тоҷик дар дилхоҳ озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардида, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд,-қайд кард вазири маориф ва илм.
Мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 14-17-уми апрели соли равон дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, олимпиада аз фанни ҳуқуқ ба номи Куруши Кабир, олимпиада аз фанни таърих ба номи Бобоҷон Ғафуров, олимпиада аз фанни забони русӣ ба номи Александр Пушкин, олимпиада аз фанни забони англисӣ ба номи Уилиям Шэкспир, олимпиада аз фанни забони давлатӣ, олимпиада аз фанни забон ва адабиёти рус ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои синфҳои 11 дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки дар он 778 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 428 хонанда ва аз мактабҳои типи нав (мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 350 хонанда иштирок намуданд.
Натиҷаи олимпиада нишон дод, ки аз 778 иштирокчии олимпиадаҳои фаннӣ 296 хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (45 медали тилло, 86 медали нуқра, 165 медали биринҷӣ) гардиданд.
Дар ҷамъбасти олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 116 ҷойи ифтихорӣ (23 ҷойи якум, 26 ҷойи дуюм, 67 ҷойи сеюм) мақоми якум, вилояти Суғд сазовори 75 ҷойи ифтихорӣ (8 ҷойи якум, 23 ҷойи дуюм, 44 ҷойи сеюм) мақоми дуюм, вилояти Хатлон сазовори 67 ҷойи ифтихорӣ (9 ҷойи якум, 26 ҷойи дуюм, 32 ҷойи сеюм) мақоми сеюм гардида, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 22 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм, 14 ҷойи сеюм) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 16 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 8 ҷойи сеюм) гардиданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ғолибон медалҳо, “Ифтихорнома”-ҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, омӯзгороне, ки дар ҳаракати олимпӣ ва омода кардани хонандагон ба ин олимпиадаҳо саҳм доштанд, бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Сино бо гирифтани 93 ҷойи ифтихорӣ (22 ҷойи якум, 27 ҷойи дуюм, 44 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал, ноҳияи Шоҳмансур бо гирифтани 33 ҷой (5 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм, 20 ҷойи сеюм), ноҳияи Фирдавсӣ бо гирифтани 33 ҷой (4 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм, 18 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи дуюм ва ноҳияи Данғара бо гирифтани 31 ҷой (6 ҷойи якум, 13 ҷойи дуюм, 12 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи сеюм гардида, сегонаи беҳтарин шаҳру ноҳияҳо дар олимпиадаҳои мазкур дониста шуданд.
Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара бо ба даст овардани 19 ҷой (4 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 9 ҷойи сеюм) мақоми якум, литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бо гирифтани 13 ҷойи ифтихорӣ (5 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм, 3 ҷойи сеюм) ва филиали литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор бо гирифтани 13 ҷой (4 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 7 ҷойи сеюм) мақоми дуюм ва литсейи № 2-и шаҳри Душанбе бо 11 ҷой (1 ҷойи дуюм, 10 ҷойи сеюм) мақоми сеюмро соҳиб гардида, беҳтарин муассисаҳои таълимӣ дар ҳаракати олимпӣ дониста шуданд.
Ҳамзамон, шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Данғара, Исмоили Сомонӣ, Исфара, Ҳисор, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Хоруғ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои мазкур ба даҳгонаи аввал дохил гардиданд.
Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, дар умум, натиҷаи ҷамъбасти олимпиадаҳо аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ барои синфҳои 11 нишон дод, ки хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 188 (55,2%) ҷойи ифтихорӣ (39 ҷойи якум, 54 ҷойи дуюм, 95 ҷойи сеюм) мақоми якум, вилояти Суғд сазовори 131 (44,9%) ҷойи ифтихорӣ (14 ҷойи якум, 42 ҷойи дуюм, 75 ҷойи сеюм) мақоми дуюм, вилояти Хатлон сазовори 104 (26%) ҷойи ифтихорӣ (13 ҷойи якум, 28 ҷойи дуюм, 63 ҷойи сеюм) мақоми сеюмро касб карда, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 46 (23,8%) ҷойи ифтихорӣ (5 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм, 33 ҷойи сеюм) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 19 (8%) ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 11 ҷойи сеюм) гардиданд.
Дар ҷамъбасти олимпиадаҳои мазкур ноҳияи Сино бо гирифтани 93 ҷойи ифтихорӣ (22 ҷойи якум, 27 ҷойи дуюм, 44 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал, ноҳияи Шоҳмансур бо гирифтани 33 ҷой (5 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм, 20 ҷойи сеюм), ноҳияи Фирдавсӣ бо гирифтани 33 ҷой (4 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм, 18 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи дуюм, ноҳияи Данғара бо ба даст овардани 31 ҷой (6 ҷойи якум, 13 ҷойи дуюм, 12 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи сеюм гардида, беҳтарин шаҳру ноҳияҳо дар олимпиадаҳои мазкур дониста шуданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ғолибияти хонанадагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ нисбат ба хонандагони мактабҳои типи нав (мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо) зиёд мебошад. (МТУ 261 ҷой (37 ҷойи якум, 75 ҷойи дуюм, 149 ҷойи сеюм) ва муассисаҳои типи нав 227 ҷой (36 ҷойи якум, 63 ҷойи дуюм, 128 ҷойи сеюм).
Ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб меоянд, барои ҷойи якум 100 хол, барои ҷойи дуюм 75 хол ва барои ҷойи сеюм 50 хол муќаррар гардидааст, ки ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба холҳои бадастовардаи онҳо илова мегардад.
БАХТОВАР САФАРОВ