ҒОЛИБИЯТИ МАКТАББАЧАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ АВРУОСИЁИИ «ВКОШП-2023» АЗ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ

13-12-2023
Дар олимпиадаи авруосиёии «ВКОШП-2023» аз фанни технологияи иттилоотӣ хонандагони тоҷик натиҷаҳои назаррас нишон дода, дар байни 539 даста, ки иборат аз 1617 иштирокчӣ буданд, ҷои намоёнро ишғол намуданд. Чаҳор дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ҳар кадом 3-нафарӣ иштирокчӣ дорад, дар байни рақибон маҳорат ва дониши аъло нишон доданд.
Чор дастаи мунтахаби хонандагони тоҷик сазовори мақомҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардиданд.
    Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии олимпиадаи авруосиёии «ВКОШП-2023»  аз Тоҷикистон 16 даста иштирок намуд.
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт
ва рушди истеъдодҳо»-и назди Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон