ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ПОЙТАХТ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "ДОНИШМАНДОНИ САЙЁРА-2024"

13-01-2024
Аз 3 то 6 январи соли 2024 дар шаҳри Маскав Олимпиадаи байналмилалии "ДОНИШМАНДОНИ САЙЁРА - 2024" барои хонандагону донишҷӯён баргузор гардид.  Дар олимпиадаи мазкур зиёда аз 300 нафар довталаб аз кишварҳои ИДМ ширкат варзиданд. 
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 нафар хонандагони  муассисаи таълимии хусусии «ИМПЕРИЯИ ДОНИШ» иштирок намуда,  сазовори ҷойҳои 1, 2, 3, дипломҳои дараҷаҳои 1, 2, 3 ва ҷом гардиданд. Хонандагони тоҷик бо роҳи ҳалли супоришҳои тестӣ аз фанҳои забони русӣ, адабиёти рус , таърихи ҷаҳон, математика, география, биология, табиатшиносӣ, инчунин муаммоҳо, яъне вазифаҳои душворе, ки ҳалли онҳо заковати иштирокчиёнро талаб мекунад, ғолиб дониста шуда, соҳиби 8 ҷойи 1-ум, 3 ҷойи 2-юм, 2 ҷойи 3-юм ва барои фаъолияти лоиҳавӣ 34 нафар хонанда соҳиби ҷоиза гаштанд. Миёни дастаҳои ширкаткунанда дастаи “ИМПЕРИЯИ ДОНИШ” барои муаррифии кишвар ва дастаи худ ҷойи аввалро ишғол кард.