Ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардид

06-01-2022
5-уми январи соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода ба мутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, ҳамзамон ғолиби даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Наврӯзи Ҷумъамурод нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мукофоти пулӣ тақдим намуд. 
Ёдовар мешавем, ки Наврӯзи Ҷумъамурод - аспиранти Институти адабии ба номи М.Горкий ФР ва мутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии ВМИ ҶТ дар даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон дар миёни аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ соҳиби ҷойи дуюм гардида буд.  
Мавсуф хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти адабии ба номи Максим Горкий буда, ҳоло номзади илмҳои филологӣ мебошад. Ҳамчунин, ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви конференсияи байналмилалии журналистони ҷаҳон ва муаллифи якчанд маҷмуаҳои шеърӣ аст. 
Б.САФАРОВ