“НАВРӮЗ ЯКЕ АЗ ҚАДИМТАРИН ИДҲОИ ТОҶИКОН!” Кӯшониён: ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ НАВРӮЗӢ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯ

23-03-2024
Имрӯз 23 марти соли 2024, дар маркази ноҳия шаҳраки Исмоили Сомонӣ, бахшида ба ҷашни Наврӯзӣ байналмилалӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, роҳбарияти ноҳия, сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарон ва кормандони ташкилоту идораҳо ва беш 10 ҳазор нафар сокинони ноҳия таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи оламфрӯз баргузор гардид. Нахуст роҳбарияти ноҳия ва меҳмонони гиромӣ дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо собиқадорони ҷангу меҳнат суҳбати самимӣ намуда, онҳоро бо ҷашни Наврӯзи хуҷастапай шодбош намуда, сипас ба 28 нафар ятимони кулл туҳфаҳои идона тақдим намуда, сипас ба 15 ҷуфт домоду арӯс шаҳодатномаҳои ақди никоҳ, туҳфаҳои хотирмон ва ба 40 нафар кӯдакони аз оилаҳои эҳтиёҷманд дучархаҳои кӯдакона ва тӯҳфаҳои идона супориданд.  Сипас меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин, намоиши таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои наврӯзӣ ва дастовардҳои варзишгарон дидан намуда, сипас дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ Барномаи фарҳангии идона баргузор гардид. Дар сухани табрикотии худ раиси ноҳия Вализода Икромидин Сироҷиддин, тамоми меҳмонон ва сокинони ноҳияро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуда, қайд карданд, имрӯз мардуми шарафманди ноҳия бо ҳисси меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба фарҳангу сунатҳои ниёгон оинҳои Наврӯзиро пос дошта, ин ҷашни аждодиро бо шаҳомату нишоту сурур таҷлил менамоянд. Ифтихорманду сарфарозем, ки бо шарофати истиқлолу озодии ватани маҳбубамон ва бо ибтикори Пешвои муаззами миллатамон Наврӯз - ин оини бебаҳои аҷдодӣ эҳё шуда, барои рушди минбаъдаи русуми Наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё гаштааст. Наврӯзи имсола панҷсолаи рушди саноати мамлакат ва идомаи омодагиҳо ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст.
       Зинда кардани тамаддуни аҷдодиамон ва ба ин васила бори дигар ба тамоми олам муаррифӣ намудани арзишҳои миллии мо ва ҳифзи ин арзишҳо кору пайкори доимии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидааст, ки ҳар яки мо бояд бечуну  чаро ба қадру манзалати он бирасем.  Байналмилалӣ  гардидани Наврӯз худ гувоҳи он аст, ки аҷдодони мо чӣ гуна фарҳанги бою пурғановат доштанд ва онро кишварҳои зиёд пазироӣ намуда, бо шакли қадимааш қабул намуда ҷашн мегиранд. Ҳамзамон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим иштирокчиёни чорабинӣ ва кулли сокинони ноҳияро бо фарорасии ин ҷашни бошукӯҳи миллӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар як хонадон рӯзгори осоишта, тинҷиву амонӣ, сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидонаро ба Тоҷикистон азиз, ба марди деҳқон бурдбориҳоро дар кишти баҳорӣ таманно намуданд. Барномаи фарҳангӣ, ки аз тарафи  аҳли ҳунари фарҳанги ноҳия бо таронаҳои гулрези Наврӯзӣ ва баҳорӣ саршор буд, меҳмонон ва сокинони ноҳияро болидахотир ва шоду масрур намуд.

Дафтари матбуотии
раиси ноҳияи Кӯшониён