НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ГАНҶ”-И ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ 

01-04-2022
1-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии семоҳаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар Фозил Обидов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндагони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, сардорону кормандони раёсат, шуъбаи ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд. 
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст, интихоби ҳайати роҳбарикунанда ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур муҳокима гардида, бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Саидзода раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм интихоб гардид. 
Сипас, раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм вобаста ба фаъолияти семоҳаи аввали ташкилот ҳисобот дода, иброз дошт, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур фаъолияти худро дар доираи Оиннома ва Барномаи амали ҳизб ба роҳ монда, дар партави сиёсати Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти болоии ҳизб, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳимансур як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолият намуда, барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.
Дар идома, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода барои фаъолияти пурсамар ҳамчун узви фаъоли Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, густариши фарҳангу маърифат ва ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободонӣ бо “Сипоснома”-и ҲХДТ сарфароз гардида, инчунин, ба як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. 
Ҳамзамон, дар охир аз ҷониби иштирокдорон таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон соли 2021 тамоми раванди маорифи миллии кишварро таҳлилу баррасӣ карда, доир ба рушду нумуъ ва мавқеи он дар ҷомеаи муосир чунин нуқтаҳои хирадмандонаро иброз намуданд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро, мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхори нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Ин назари неки Раиси муаззами ҳизб моро водор месозад, ки барои рушди бемайлони соҳаи маориф, беҳтар гардонидани сифати таҳсилот, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат бо азму иродаи қавӣ фаъолият намуда, барои ояндаи дурахшони кишвари худ ҷаҳду талоши бештаре намоем.