НАҚШИ ПАЁМ ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

06-02-2024
Санаи 6 феврали соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раҳим Саидзода - вазири маориф ва илм вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои марбут ба соҳаи маориф, ки дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Нақши Паём дар рушди соҳаи маориф ва илм» баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раҳим Саидзода - вазири маориф ва илм оғоз намуда, қайд намуд, ки чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр карданд, «авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад». Аз ин рӯ, ин таъкидҳо моро водор месозанд, ки Паёми имсоларо ҳадафи аслии сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, баҳри рушди соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳар чи бештар чораҳои дахлдор андешем.
Сипас маърузаи мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон – Махкамов Дастам дар мавзуи «Паём омили рушди маориф ва илм» ва декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ – Сафарализода Хуҷамурод дар мавзуи «Омӯзиши нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» шунида шуд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки дар ҷамъбасти ҳар сол Паёми муфассали роҳбарияти кишвар ба мақоми қонунбарор ва тамоми мардуми кишвар ироа гардад ва боиси хушбахтист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамасола Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми сарбаланду шарафманди кишвар ироа мегардад.
Дар охир Раҳим Саидзода иброз намуд, ки нуктаҳое, ки дар ҳар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошанд. Пешвои муаззами миллат ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил доранд ва моро месазад, ки бо кору фаъолияти худ ва бо нишон додани натиҷаҳои самаранок сазовори эътимоди роҳбари давлат гардем.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон