МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ РАШТ БОЗДИД КАРД

21-08-2023
21 августи соли равон муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бо мақсади шинос шудан ба рафти омодагӣ ба соли нави хониш аз муассисаҳои таълимии №№ 1, 60, 26 ва 54-и ноҳияи Рашт боздид кард. Зимни боздид аз муассисаҳои таълимии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илм ба масъалаҳои омодагӣ ба соли нави хониш, машварати августии кормандони соҳаи маориф, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ, қабули хонандагон ба синфи як ва гузаронидани давраи мутобиқшавӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муассисаҳои таълимӣ, аз таъмири капиталӣ баровардани муассиҳои таъмирталаб, азнавбақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати бо омодагии пурра пешвоз гирифтани соли нави хониш ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар идома Ҷамшед Ҷӯразода ба корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и деҳаи Поче шинос гардид. Корҳои сохтмонӣ дар муассисаи мазкур бо маром идома дошта, бинои муассиса бо ба инобат гирифтани стандартҳои муосири сохтмони муассисаҳои таълимӣ сохта шуда истодааст.
Муовини якуми вазири маориф ва илм ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ таъкид кард, ки мо бояд дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, дар амалишавии барномаҳои соҳаи маориф софдилона заҳмат кашида, рисолати омӯзгории худро бо сари баланд иҷро намоем.
Ёдовар мешавем, ки муовини якуми вазири маориф ва илм бо мақсади иштирок дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияҳои минтақаи Рашт дар ноҳияи Рашт қарор дорад.





Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон