МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД (ЮНИСЕФ)

04-05-2023
Рӯзи4 майи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҳошияи Форуми Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо муовини директори Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хонум Дженевева Боутин мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонум Дженевева Боутин ҷиҳати ҳамкории пайваста ва судманд дар самти рушди соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият намуда, яке аз шарикони асосии соҳаи маориф ба шумор меравад.
Сипас, хонум Дженевева Боутин иброз дошт, ки ҳамкориҳои тарафайн имкон медиҳад, то дар самти пешбурди фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ, махсусан барои Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҷиҳати анҷоми корҳои назаррас дар соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро, ки бисёр дар сатҳи хуб пеш рафта истодааст, дигаргуниҳои зиёд интизор аст.
Дар идома миёни ҳозирин суҳбати самимӣ оид ба пешбурди фаъолияти минбаъда сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати дар сатҳи нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо аз ҷониби тарафҳо ироа гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон