МУЛОҚОТИ СУДМАНД МИЁНИ СОХТОРҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

29-03-2022
29-уми марти соли ҷорӣ онлайн-конференсия байни сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба бунёди аввалин устохонаи ба номи Лу Бан дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳукумати мардумӣ, роҳбарияти сохторҳои котибот ва Ҳукумати мардумии шаҳри Тянҷин ва роҳбарияти Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм, мубодилаи академӣ ва таъминоти моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. 
Ҷ. Ҷӯразода – муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм аз 15 январи соли 2007 ба роҳ монда, барои инкишофи ҳамкории соҳавӣ заминаи хеле мустахками ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
“Мисоли равшани гуфтаҳо ин имзо шудани шартномаи ҳамкорӣ дар бораи бунёд намудани “Устохонаи ба номи Лу Бан” миёни Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мебошад. Он ҳамчун як платформаи табодули афкор ва ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи маориф ва пешгузаштаи ислоҳот ва навоварӣ дар соҳаи таҳсилоти касбии техникӣ фаъолият хоҳад кард”, - зикр кард муовини якуми вазир. 
Инчунин, дар рафти мулоқот ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои баррасӣ кардани масъалаҳои корӣ вобаста ба бунёди устохонаи ба номи Лу Бан гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис медиҳанд. 
Бояд гуфт, ки Лу Бан - дуредгар, бинокор, меъмор ва тибқи ривоят ихтироъкори бисёре аз асбобу олотҳои ибтидоӣ, ки то имрӯз истифода мешуданд, мебошад ва имрӯз ҳамчун рамзи мустаҳкамии муносибати Тоҷикистону Чин гардидааст.
Дар охир қайд карда шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, якҷо бо ҳамтои худ барои густариш ва таҳкими шарикии ҳамаҷониба дар самти илм, маориф ва фарҳанг тамоми кушишҳоро ба харҷ диҳад.
Бахтовар Сафаров