МУЛОҚОТ ОИД БА ЭЪЛОН ШУДАНИ "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ"

02-03-2024
Бо мақсади шарҳи эълон гардидани "Соли маърифати ҳуқуқӣ" вохӯрии гурӯҳи корӣ бо фаъолон ва наврасону ҷавонон доир гардид.
Муовини сардори раёсати маориф Сарфароз Ёқубзода, аъзои гурӯҳи корӣ баромад намуда, дар хусуси ҳадафи аслии элон шудани соли маърифати ҳуқуқӣ ва роҳҳои мусоидат дар беҳтар кардани донишу фаҳмиши ҳуқуқии насли наврас изҳори назар кард.
Муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қосимзода, мудири шуъбаи маориф Шоиста Абдуназарзода ва дигар намояндагони гурӯҳи корӣ вобаста ба мавзӯи мазкур табодули афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон