МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ  САЗОВОРИ 454 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ  ГАРДИДАНД

30-03-2022
30-юми марти соли ҷорӣ дар “Мактаби байналмилалии Президентӣ” маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври минтақавии олимпиадаҳои фаннии (синфҳои 5-11) шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Қутбиддин Муҳиддинзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеъ, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. 
Дар оғози ҷорабинӣ Т. Маҳмадова-директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо зимни суханронии хеш иброз дошт, ки Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳкими ҳаракати олимпӣ мунтазам тадбирҳои судманд андешида, дар ин самт 24 олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, ки барои дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод мусоидат менамоянд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби марказ 19 даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор карда шуд.
Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-11 дар соли 2022  3471 нафар хонанда (2526 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 945 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии типи нав) иштирок намуда,  сазовори 454 ҷойи ифтихорӣ (98 медали тилло, 131 медали нуқра ва 225 медали биринҷӣ) гардиданд. 
Дар ҷамъбасти олимпиадаҳои минтақавӣ хонандагони шаҳри Ҳисор бо гирифтани 193 ҷой (49 ҷойи якум, 56 ҷойи дуюм, 88 ҷойи сеюм) сазовори мақоми якум, шаҳри Турсунзода бо гирифтани 65 ҷойи ифтихорӣ (13 ҷойи якум, 21 ҷойи дуюм, 31 ҷойи сеюм) мақоми дуюм, шаҳри Ваҳдат бо гирифтани 47 ҷойи ифтихорӣ (9 ҷойи якум, 13 ҷойи дуюм, 25 ҷойи сеюм) мақоми сеюм, ноҳияи Рӯдакӣ бо гирифтани 46 ҷойи ифтихорӣ (15 ҷойи якум, 12 ҷойи дуюм, 19 ҷойи сеюм) мақоми чорум ва ноҳияи Шаҳринав бо гирифтани 35 ҷойи ифтихорӣ (5 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм, 22 ҷойи сеюм) мақоми панҷум гардиданд, ки аз шумораи умумии ҷойҳои ишғолнамуда 85,4% онҳо ба ин шаҳру ноҳияҳо рост меоянд.
Дар олимпиадаҳои зикршуда хонандагони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Ҳисор бо гирифтани 68 ҷойи ифтихорӣ (20 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм, 32 ҷойи сеюм), сазовори мақоми якум, хонандагони Муассисаи таълимии хусусии литсей - интернати тоҷикӣ - русӣ ба номи Ҳотам ва ПВ дар шаҳри Ҳисор 67 ҷойи ифтихорӣ (15 ҷойи якум, 23 ҷойи дуюм, 29 ҷойи сеюм) мақоми дуюм ва Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Турсунзода 29 ҷойи ифтихорӣ (7 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм, 15 ҷойи сеюм) мақоми сеюм гардида, дар даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ се муассисаи таълимии  беҳтарин дар ҳаракати олимпӣ дониста шуданд.  
          Ҷамъбаст нишон дод, ки дар даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли хониши 2021-2022 ин се муассисаи таълимӣ сазовори 159 ҷойи ифтихорӣ (42 тилло, 45 нуқра ва 72 биринҷӣ) гашта, аз шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ 35,8% фоизи онро ба даст оварданд. 
Бахтовар Сафаров