МУАССИСАИ ТАЪЛИМИЕ, КИ АЗ НАЗАРҲО ДУР МОНДААСТ

27-04-2022
Ташрифи ногаҳонии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и шаҳри Ваҳдат
27-уми апрели соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Саидзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и деҳаи Қалъаи Малики шаҳри Ваҳдат, ки дар масофаи 18км дур аз маркази шаҳр воқеъ аст, дидан намуд. Нахуст, вазир аз синфхонаҳои таълимӣ боздид намуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ анҷом дод. Аз ҷумла, дар синфи 8, ки хонандагон аз фанни алгебра дарс мехонданд, маълум гардид, ки омӯзгори дарсдиҳанда (Ф.Саидов) дар асл омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буда, бинобар сабаби норасоии кадрӣ таълими фанни алгебраро ба зимма гирифтааст. Дар синф аз 17 нафар 13 нафар иштирок дошта, Дастурамали либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби хонандагон ба таври пурра риоя намегардад. Зимни суҳбат маълум гардид, ки сатҳи дониш ва малакаи забондонӣ (забонҳои русию англисӣ) дар сатҳи паст қарор дошта, бинобар ин, хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо иштирок намекунанд. 
Сипас, вазир бо хонандагони синфҳои 10, ки дарси физика доштанд, суҳбат кард. Мутаассифона, маълум гардид, ки ҳамон омӯзгор (Ф.Саидов), ки дар синфи 8 аз фанни алгебра дарс медод, дар як вақт дар синфи 10 ба хонандагон фанни физикаро таълим медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар як вақт дарс гузаштани омӯзгор дар ду синф хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Зимни саволу ҷавоб маълум гардид, ки хонандагон ба одитарин саволҳо ҷавоб дода наметавонанд. 
Инчунин, маълум гардид, ки дар муассиса норасоии кадрӣ аз фанҳои забони русӣ, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, математика ва физика мавҷуд буда, муассиса ҳамагӣ дорои 5 компютер мебошад, ки аз ин шумора танҳо як компютер дар ҳолати корӣ қарор дорад.
Дар охир, вазир бо омӯзгорон суҳбати озод анҷом дод. Дар натиҷа маълум гардид, ки роҳбарияти раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат дар муддати ду соли фаъолияти худ боре ҳам ба ин муассиса ташриф наоварда, аз вазъи таълиму тарбия ва шароити омӯзгорону хонандагон бохабар нагардидаанд. Чунин муносибати роҳбарият ва масъулини бархе шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо боис мегардад, ки директорони муассисаҳо ҳар навъе хоҳанд, муассисаро идора карда, раванди таълиму тарбияро ба хости худ танзим мекунанд.