МУАРРИФИИ МУДИРОНИ ШУЪБАҲОИ МАОРИФИ НОҲИЯҲОИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ, ВАХШ ВА ҚУБОДИЁН

30-11-2023
Имрӯз, 30 ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳҳои шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қубодиён бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ҳикматулло Саидзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур ва кормандони соҳаи маориф  ҷамъомад баргузор гардид.
Зимни баргузории ҷамъомадҳо муовини вазири маориф ва илм аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба масъалаҳои мубрами соҳа изҳори назар кард. Аз  ҷумла, дар хусуси таъини кадрҳои арзанда ба вазифаҳои роҳбарикунанда, рушди маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф, ҷудо намудан ба равияҳои фаннӣ, иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2023-2024, таъмини муассисаҳои таълимӣ ба сӯзишворӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, рушди фанҳои дақиқ ва чанде дигар гуфта гузашт. 
Дар идомаи ҷаласаҳо мудирони нави шуъбаҳои маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ А.Гадоев, ноҳияи Вахш Г. Хоҷаёрова ва ноҳияи Қубодиён С. Мирзоев муаррифӣ шуданд. Гуфта шуд, ки ҳар яке аз ин мудирони навтаъин солҳои зиёд дар соҳаи маориф фаъолият кардаанд ва номзади мувофиқ ба вазифаи мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои болозикр мебошанд. 
Зиёдулло Абдулзода дар охир ба масъулин ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бандҳои дахлдори барномаҳои давлатӣ, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм дастурҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон