Модар ягона аст!

07-03-2019
Оре, модар ноёбтарин неъмати рӯи дунё аст. Канори модар дабистони кӯдакист. Оғӯши модар аз вуҷуди фарзанд пур аст. Ӯ бо дили саршор аз меҳру дӯстдорӣ тифлакро мебӯсаду навозиш мекунад. 
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.
Калимаи модар аз 5 ҳарф иборат асту ҳар ҳарф маъние махсус дорад: м – меҳр, о – одил, д – дил, а – ақл, р – раҳм…
Дареғ, ки ман модарамро аз даст додам. Муддатест, ки ташнаи рӯи модар ҳастам. Ҳар гоҳе чеҳраи ӯ, хандааш ба ёдам мезанад, дилам сахт месӯзад ва зери лаб мегӯям:
Модар, модар, ту ибтидоям будӣ,
Ҳамқисмату қомати расоям будӣ.
Мо, фарзандон, чӯҷаяконе будем, ки зери қаноти гарму нарму рӯҳафзои ӯ бузург шудем ва худ «қанотдор» гаштем ва бо панду насиҳатҳои модар дар зиндагӣ ҷои худро ёфтем. Модари ман бароям гиромитарин ва наздиктарин инсон буд. 
Вақте ба хона ворид мешавам, хаёл мекунам модарам дар рӯи суфа нишастаасту маро интизор аст. Гоҳе ки хумори модар мегирадам, ба ҳуҷраҳо медароям, то ки ӯро дар ҳуҷрае ёбам. Худ ба худ мегӯям, ки ӯ хоб аст. Ҳуҷраҳоро мекобам, модарамро намеёбам…
Шабе дар хобам модарам даромад. Фарёд кард, ки бархез субҳ дамид! Хурсанд шуда бархестам, ки воқеан ҳам, субҳ дамидааст, вале… модарамро наёфтам.
Ҷои модарро касе иваз карда наметавонад. Ба ҳар ҳол, шукри падар, фарзандони падар ва аҳли оилаам мекунам, ки онҳо дар барам ҳастанд. 
Шоҳина Сангова,
омӯзгори мактаби №10,
ноҳияи Рӯдакӣ